Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

монданд. Ризвонхон пас аз вафоти модараш чанд гоҳ хонд, баъд дар магазин кор кард ва чанд шавҳар кард. Шавҳари аввалинаш Темурхон ном дошт, аз хешовандони падари Саодат буд. Аз онҳо ду духтар монд: Мунзира ва Башира. Мунзираро аз Бухоро мо гирифта овардем, Башира дар хурдсолӣ вафот кард. Мунзираро баъдтар ба писари ойтӣ Асолатхон – Муҳаммадхон (писари Умархон, ки ӯ ҳам писари калонии қозикалон Бурҳониддин буд) ба занӣ додем. Ҳоло онҳо як писар – Ҷамол ва як духтар – Ҷамила доранд. Ризвонхон бошад бармаҳал бемор шуда вафот кард. Лекин Сулаймонхон хеле тандуруст ва бағайрат буд. Дар курсҳои муаллимтайёркунӣ хонд. Дар ноҳияҳои Тоҷикистон муаллим ва директори мактаб буд. Баъд ба Душанбе ба кор омад. Аз ҳамин ҷо ба ҷанг рафт ва дар соли 1943 аз ҷанг кантуз (касали рӯҳӣ) шуда баргашт. Чанд гоҳ забонаш дуруст кор намекард ва бемор буд. Баъд ба Москва рафт, дар табобатхонаи академик Бурденко хобида табобат дид ва худи Бурденко ӯро дида, табобат кардааст. Аз он ҷо баргашта, дар идораҳои савдо кор кард, муаллим буд, директори мактаб шуд, соҳиби писару духтарҳо гашт ва дар соли 1974, дар бемористони бемориҳои рӯҳӣ (дар Кӯктош) аз ҷаҳон чашм пӯшид. Ҷояш ҷаннат бошад, равонаш шод бошад!

Сулаймонхон марди олиҷаноб буд. Ба касе ғараз ва кинае надошт, ба ҳама меҳрубон ва ғамхор буд. Афсӯс, ки дар натиҷаи фалокати ҷанги хонумонсӯз ҷавонмарг шуд. Хуллас ки Сулаймонхон ба Саодати ғамзада тасаллӣ дода, дилбардорӣ карда мегӯяд, ки ба Бухоро рафта, саёҳат карда биёед, дар ин ҷо аз ҳоли тӯта (аммапошшо) ва бачаҳо худам бохабар мешавам... ва Саодатро ба Бухоро гусел мекунад. Саодат дар Бухоро дугонааш – Маъсумахонро меёбад ва боз як дугонаи зебои дигараш (зани Хонови афғон)

пешина
аз 339
навбатӣ