Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

воқеъ мешудааст.

Дар аввали январи соли 1929 дар Бухоро тӯи ману Саодат барпо гашт. Дар ин тӯи Сурх, ки занону мардон дар як хонаи калон ҷамъ шуда буданд Муҳаббатхон (ки ҳанӯз шавҳар накарда буд) низ ҳузур дошт. Дар ин тӯй бо Қосим Самеъзода, ки яке аз ҷӯраҳои ман буд шинос шуда, пас аз ду-се рӯз (шояд аз алам бошад!) бе тӯю бе никоҳ ба вай зан шуда гирифт. Дар байни онҳо фарзанд шуду лекин напоид, вафот кард. Пас аз соле Самеъзода Муҳаббатхонро ба Самарқанд гусел карда, аз қафо қоғази талоқашонро ҳам роҳӣ кард. Чанд гоҳ бешавҳар гашта, баъд ба як ошпази бой расиданд. Лекин бо вай ҳам чандон бисёр назистанд. Ошпаз мурду хонаю ҷояш ва молу мулкашро ба он кас гузошт. Муҳаббатхон бо модарашон дар андак вақт ҳамаи боигариро фурӯхта хӯрданду муфлис шуда гаштанд. Боз намедонам ба киҳо расиданд, соҳиби як духтар шуданд. Дар солҳои охири зиндагиашон дар хонаи духтару домод каме осуда зиндагӣ карда, соли 1988 нохост вафот карданд. Ин буд саргузашти ману Муҳаббатхон.

Хуллас ки дар Самарқанд, дар мактаби олии педагогӣ мехондам ва дар хобгоҳ истиқомат доштам. Тобистон, дар вақти таътил ба Бухоро рафтан хостам. Пули кирои роҳ набуд. Ба Бухоро ба бародарам Нуриддинҷон хат навиштам, ки ба ман андак пул ёфта фиристонад. Пас аз ҳафтае пул омад. Хурсанд шуда, поездувор ба Бухоро омадам. Дар Бухоро як ҷомаи алочаи ҳисорӣ доштам, ки ба ман бисёр маъқул буд ва онро фақат дар иду айём мепӯшидам. Бухоро расида аз ояи калонӣ пурсидам, ки ҳамон ҷома кани. Ояи калонӣ гуфт, ки онро бародарам фурӯхта, пулашро ба ман, ба Самарқанд фиристодааст. Ман хеле хафа шудам. Аз бародарам пурсидам, гуфт ки пули мефиристодагӣ надоштам, маҷбур шуда ҷомаро

пешина
аз 339
навбатӣ