Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
Тоҷикистон расид. Ҳоло (1990) дар қайди ҳаёт аст, аммо бисёр нотавон ва бемор хобидааст.
Бародари хурдии Зуҳурхон – Муслиҳиддин ҳам чандон олиҷаноб набуд. Барои фиребу найранг дар мактаб ӯро ҳабс карданд. Занаш – Ойишахон ва Аслихон ҳаракат карда халос намуданд. Баъд муаллими қаторӣ шуда гашт. Рост ё дурӯғ худро бавиҷдон ва корманд гирифта мегашт. Ойишахон (ин духтари Азизхон ном касест, ки аз Бухоро ба Германия дар қатори як гурӯҳ ҷавонон ба хондан рафта, пас аз фашистӣ шудани Германия ба Иттифоқи Советӣ баргашта буд, лекин соли 1937 ҳабс шуда барнагашт). Ойишахон аз Муслиҳиддин ду писар ва ду духтар зоид. Лекин дар миёни солҳои шастум баҳам зиндагӣ карда натавониста ҷудо шуданд. Муслиҳиддин зани дигар гирифт, аз ҳоли фарзандонаш бехабар монд. Ойишахон дар солҳои ҳафтодум ба Мирхон Саидов ба занӣ расид. Мирхон ҷӯраи нағзи ман буд. Вай аз Бухоро буда ба Тоҷикистон бо даъвати партия дар солҳои 1934-35 омада ба корҳои масъул (сардори МТС, вазири тандурустӣ, вазири хоҷагии қишлоқ, вазири молия) шуда кор кардааст. Дар солҳои ҷанг вазири молия буд. Баобрӯ ва баэътибор буд. Дар охирҳои ҷанг, боре ману Улуғзода ба надаш рафтем ва аз ҳоли зори нависандагон шикоят кардем. Вай дарҳол ба мудири хоҷагии ёрирасони худ фармуд, ки ба мо гӯшт, биринҷ, орд ва дигар хӯрокиҳо диҳад. Рӯзи дигар (охирҳои зимистони соли 1944 буд) ману Улуғзода як автомобили боркашӣ гирифта ба қишлоқ, ба хоҷагии ёрирасони идораи молия рафтем. Дар он ҷо моро хуб зиёфат карда, се линга биринҷ, орд, себ, гӯшт (як гӯсфанд) ва дигар хӯроквориҳо дода гуселонданд. Мо он чизҳоро ба шаҳр оварда, дар байни нависандагон тақсим кардем. Бале, Мирхон ҳамеша ба нависандагон ёрӣ мерасонид ва талаботи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё