Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
-
Мардуми Фарғона Худоёрхонро таъриф мекунанд,-гуфт Мансур.- Дар замони он кас мадрасаҳои номӣ, растаҳои корвонсаройҳо сохтаанд. Наҳри калони сохтаашонро дидам. Дарозиаш сӣ километр. Қариб ними Фарғона аз он об мехӯрад.
-
Оқсаройро ҳам дидед? Кас аз тамошояш сер намешавад, -гуфт Абдуллохон ва илова кард:-Тағоям писарашонро тӯй карда, ба мардум чор моҳ ош доданд. Ҳар рӯз дусад дег палав мепухтаанд. Тамоми овозхонҳои Мовароуннаҳр ҷамъ омаданд. Аз туманҳо ҳар рӯз даста-даста ояндагон меомаданд. Эҳ, чӣ рӯзҳое буд... -Абдуллохон аз бағликасаш носкадуи ялақосиеро бароварда, молиш дод.
-
Бале, ин қиссаҳоро мо дар Фарғона шунидем,-гуфт Мансур ва аз дилаш гузашт, ки кошкӣ амирони манғит ҳам чунин ободониҳо мекарданд. Не, фақат тилло ҷамъ кардаю дар хазина паноҳ медоранд... Ӯ ба андешаи кунҷковӣ пурсид:-Давлати мухториятхоҳон поянда мешуд, хуб буд?
-
Баъзеҳо мегуфтанд, ки як давлати исломии Туркистон мешуд, хуб буд, баъзеҳо мегуфтанд, ки ҳеҷ хубӣ надошт, - гуфт Абдуллохон.- Ӯ ба ҳамроҳонаш, ки ҳарҳои бордорро хой-хой карда, ҳадаҳа доштанд, назар андохту ба суханаш идома дод: -Ҳамон воқеаҳои наҳс дар Хӯқанд авлоди моро нест карданд.- Ду холабачаамро дар гушнагиҳои соли гузашта шахсони номаълум хонаҳошон даромада тир заданд. Се хешамон омад-омади болшевикро фаҳмида, роҳи Кошгарро пеш гирифтанд. Баъд хабар фиристоданд, ки ин тарафҳо пури гурезаҳои русу турку тоҷик. Хусусан гурезаҳои қирғиз бисёр будаанд. Зиндагиашон ба сахтиҳо мегузаштааст. Хуллас, дар Хӯқанд аз як авлоди номдор фақат ману як писарамраи касалиам мондем. Ва баъде, ки аз тағи кори болшевик огоҳ шудем, ман ҳам тарки ватан кардам.
Мансур назари бад доштани мусоҳибашро нисбат ба мухторияту воқеаҳои атрофш рӯйдода ҳис карду дигар пурсуҷӯ накард. Аспи пешипохӯрдаашро пошна зада ба сафаракиҳои аз поёни ағба гурӯҳ-гурӯҳ меомада ишорат карда, пурсид:
-
Инҳо ҳама Бухоро мераванд?
-
Бале, аксар Бухоро мераванд, Ҷониби Бойсуну Ҳисор мерафтаҳо ҳам ҳастанд,- Абдуллохон ҷомаашро кашида ба пеши зин партофт.-Мо дина шаб дар ҳамвории тағи ағба аспу улоғҳоро дам додаю аз суҳбаташон фаҳмидем.
-
Чӣ рӯзе ба сари халқ омад,-гуфт Мансур ва лаҷомро ба Ҷовид дода, худ пиёда шуд. Фикр кард, ки се сол пеш, ҳангоме ки бо рафиқаш Низомҷон шаҳрҳои Фарғонаро тамошо мекарданд, мардуми назарбаланду меҳмоннавозаш хурсандаш карда буданд. Мефаҳмиданд, ки аз Бухороянд, меҳрубонии бештар мекарданд. Он солҳо душмани гадо гуфтагӣ барин, ҳарчанд байни амирон кинаву адоват вуҷуд дошт, аммо байни халқҳо як меҳрубонӣ ва хешу табории бостонӣ риоят мешуд.
Онҳо муддате хомӯш роҳ рафтану Мансур пас гашта бо табассум гуфт:
- Ҳоло паноҳ ба Худо, бародари азиз. Насиб бошаду дар Бухоро вохӯрем, суҳбатро давом медиҳем.
Рӯз ним нашуда сафаракиҳо ба сари ағба баромаданд. Шамол ин ҷо бо шиддат мевазад. Вале хунук нест. Дар бероҳа се нафар мардони тануманд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё