Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Болшевикҳояшон бисёр баду бадкина менамоянд, ман дар назар дорам русҳои Оқпошшоро.

– Эҳ, ошно, рус ҳамааш як бало-дия. Вайҳо ҳам мисли ҳаминҳо золиму бадхӯй буданд. Чор сол пеш, аниқтараш, тобистони соли 1916 дар Ҷиззах бадаъмолие карданд, ки таърихи ин музофот ёд надорад. Замони ҷанг аст гуфта, андози «земский сбор»-ашонро зиёд карданд. Заводу фабрикдорҳошон ҷангро баҳона карда, гоҳ маош медоданд, гоҳ намедоданд. Бар болояш ҷавонҳоро ба зӯрӣ ба хизмат гирифтанд. Мардум ба калонҳо, ба эшону аъламҳо шикоят бурданд. «Кофирҳо моро туземсӣ мегӯянд. Ба маъмуронашон мегӯем, ки аз Русия муҷиқҳоятонро оварда, замин медиҳед, ба мо ҳам диҳед, мо ҳам раъяти шумоем, мегӯянд, ки «раъят будан кам аст, ба дини крестионӣ дарой, ҳам замин медиҳем, ҳам андозро кам мекунем». Дар ниҳояти кор ин арзу шикоятҳо дарё шуду ба сарашон рехт. Рӯзе халқ бо кал_таку корду шоха ғун шуда, қариб панҷоҳ нафарро зада абгор карданд. Ёздаҳ нафар мурда шуд. Дар ҷавоб русҳо баталионҳошонро тривог додаю ҷамъ карда, шаҳрро печонда, баъзеҳоро заданд, баъзеҳоро аз дами шамшер гузаронданд. Фармуданд, ки «саркардаҳоро ёбед!» Аммо дар он ҳин кӣ киро меёбад? «Ба шумо, чуркаҳо, ёғӣ шуданон нишон медиҳем!» гуфта, дами бист ҳазор аҳолиро дар ҷиллаи тобистон, зада-зада рамавор ба саҳрои беруни шаҳр ронданд.

– Панҷоҳ касро зада бошанд, рус ҳам хап намешинад, – оҳанги шӯхӣ кард Мансур.

– Ҳоло гӯш кунед,– афзуд мард.– Дар он арасот мӯйсафедҳо, занҳои кӯдакдор ҳам буданд. Аз сӯзонии хоку реги дашт поятро ба замин гузоштан наметавонист. Аз ташнагӣ забонат ба қомат мечаспид. Дар пеш дашти беохир, дар болои сарат осмони тафсон. Офтоб мисли парма ба мағзи сарат медарояд. Пеши назарат гоҳ сароб менамояд, гоҳ туман мешавад. Модарон фарзандҳояшонро гоҳ дар бар мегиранд, гоҳ яктаҳу рӯймол даронда, ба пойҳошон мепечанд. Кӯдакон об гуфта мисли чӯҷа беҳол шуда, дар пеши чашмат ҷон медиҳанд. Модарон ҳоли фарзандонро дида ҳар гоҳ беҳуш мешаванд. Дар ҳар қадам пиракиҳо беҳолу бемадор шуда, меафтанд. Онҳоро зада-зада хезонда пешандоз мекунанд, боз меафтанд. Боз мехезонанд, то даме ки дигар хестан натавонанд. Рӯйи даштро мурда мегирад. Маъмурон ба умеде, ки дар он дӯзах туземсиҳо аз саркардаҳо ёдрас мешаванд, аз пӯписаашон намемонданд: «Дигар рӯйи хонаю даратонро намебинед»! Хуллас, мардум ҷон медиҳанд, лекин ангушти ишорат ҷониби муллою эшон намебардоранд.

– Аз шӯриши Ҷиззах як овоза рафт. Лекин чунин шуданашро нагуфтанд, зуд хомӯш карданд, – гуфт Мансур.

– Бале, зуд гандагиашонро пӯшонданд. Дар газетаҳошон «саркардаҳои шӯриши Ҷиззах ба ҷазо кашида шуданд» гуфта, иктифо карданд.

– Воқеаҳоро худатон дидед, ё шунидед? – пурсид Мансур.

– Ҳангоме ки ин воқеа рӯй дод, ман дар он ҷо будам. Ба тӯйи амакбачаам рафта будем. Амакам дар замони Худоёрхӯр дар Ҷиззах ҳоким будааст. – Мард, гӯй рамуз гирифта бошад, ба Мансур зеҳн монд ва бо оҳанги дигар афзуд: – Ман хоҳарзодаи Худоёрхӯр мешавам, номам Абдуллохон.

пешина
аз 613
навбатӣ