Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Бибигул ба корашон нигоҳ карда меистад. Дилаш шуввӣ карда рафт... Ин ҷафоҳо он мушти парро куштанд...
Ҳамсафарҳо дар дуроҳаи Ургут ҷудо шуданд. Мирзоумед ба Ургут рафту Мансуру писараш роҳи ағбаи Шаҳрисабзро пеш гирифтанд.
– Ман дар Шаҳрисабз як ошнои кӯҳна дорам, номаш Валичон, - Мансур дасти писарашро гирифта дошта истод. - Баъди ин гирумонҳо дусад гӯсфанд монда буд. Ду моҳ пеш садтоашро бурда додам, ки фурӯшад. Насиб бошад, пулро мегирему аз ақиб расида меравем. Агар маъқул шавад, мо ҳам аз Бухоро хона мехарем.
Шаҳ дар масҷиди деҳе, ки дар сари роҳ буд, хоб рафта, пагоҳӣ ҷониби ағбаи Китоб роҳ гирифтанд. Он рӯз аз пагоҳӣ шамол хеста, ҳаворо ғуборолуд карда буд. Заминҳои кишташон даравида ва боғҳои атроф дар зери пардаи чанг хира ва дилгир менамуданд.
Дар роҳ мардуми фирорӣ ва сафаракиҳо бисёранд. Яке тани танҳо нону обаш дар пушташ, дигаре гилему пӯстакаш дар улогҳо бор, кӯдако пиёдаю кашола равон. Ягон-ягон аспу уштурсаворон ҳам ҳастанд. Аз нигоҳи маҳзуну хастаашон маълум, ки ғаму андӯҳи бештар доранд. Инҳо мардуми доро ҳастанд, ки ночор хонаю дари зеборо партофта, ба ҷойҳои номаълум мераванд. Дар баромади ағба онҳо ба марди озодае вохӯрданд, ки бо аҳли байт ва аспу улогҳои сербор сафар дорад. Саманди баландқоматаш бо давраи гулдӯзӣ, зинпӯши махмалин ва пешбанду пасбанди зарҳалдавода оро дода шудааст. Дар ду уштури қаҷовабаста зану фарзандҳояш савор.
Ҳангоме ки Мансур аз паҳлӯи уштур гузашт, чашмаш ба ду писараки сафедрӯ афтид; калонӣ ҳамсоли Ҷовид менамуд, ба узбекӣ чизе гуфт, ки нафаҳмиданд.
Писарак нимхез шуда, ҷониби Ҷовид суханашро такрор кард:
– Ошно, ҷойнимизни олматирайлик?¹
– Мен сени урнингга булганда олмаштирмас эдим. Сени урнинг Сулаймон тахтидан ҳам баланд,² - гуфт Мансур бо табассум ва лаҷомро суст кард.
Дар маҳди дигар ҷавонзане бо либосҳои фохир менишаст. Дар бараш кӯдак дошт. Маълум, ки мард аз қабили дороён аст.
Мансур аспро тезонда, баробари мард шуда пурсид:
– Ҳамшаҳр, пурсидан айб не, сафар ба куҷо?
Мард лаҷоми аспи тезшудаашро кашида, ба онҳо зеҳн монд ва мисле ки аз ҳамсуҳбат пайдо кардан хурсанд шуда бошад, кушодарӯ бо лаҳни шикастаи тоҷикӣ гуфт:
– Ба Қаршӣ равонем. Он ҷо як ҳафта меистему пас ба Бухоро меравем.
– Дар Қаршӣ хешҳо ҳастанд?
– Хеш несту ду сол пеш беки Қаршӣ ба Ҳӯқанд омада буд, шину хез карда шинос шудем.
- Ошно ҷойҳоямонро иваз мекунем?
- Ман дар ҷои ту мешудам ҷоятро иваз намекардам. Ҷои нишасти ту аз тахти Сулаймон ҳам баланд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё