Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Як даҳон гуфтам, он тараф кори худатон. Аз он ки беҳуда нобуд мешаванд...
Мансур дасти Ҷовидро гирифта дар торикӣ аз ҳавлӣ берун шуданд. Ба тангкӯчаи паҳлӯи оғилҳо гузашта, аз байни хонаву заминҳои чаву боқилаш ба наздикӣ даравида тоб хӯрда, рӯбарӯи хонаи пристав омаданд. Он ҷо ду аспи баста менамуд. Марде садо карду дасташро ба китфи Ҷовид гузошта гуфт:
– Мо барои ту омадем. – Ин овози амаки Мирзоумед буд:
Ба роҳи калон баромаданду Мансур фикр кард, ки дар ин деҳа дигар чизе нест, ки онҳоро дорад. Ҳангоми омадан бо аҳли оила ва ду аспу як ароба асбобу анҷом омада буданд. Акнун ки меравад, як писар ҳамроҳаш мондааст. Чиз садқаи сар, ду ҷону ҷигару қувваи дилашро гум кардаю бо дили садпора меравад. Он вақт аз хонаи Самарқанд рафта буд, ҳоло хонаи Найзаваронро монда меравад. Оянда чӣ воқеаҳое интизораш бошанд? Аз замони хунрезу ояндаи номаълум дилашро изтироб зер кард.
– Аспро тезонед. Зудтар аз деҳа дур равем, – гуфт Мирзоумед. Ва бинои нимвайронаеро нишон дода гуфт: – Ин дӯкони оҳангарии Маҳмуди мисгар буд. Дар баландтар осиёи маро дидед? Фақат деворҳояш мондаанд. Занам гуфт, ки Қодир болорҳоро кандааст. Ҳоло вай думраваки Сангов будааст замини Ҳақназарро гирифта ба ӯ додааст. Он ҷо хона мепӯшидааст.
– Аз Маҳмуд ҳеҷ хату хабар ҳаст?
– Аз Қазоқистон хат кардааст. Он ҷо ҳам гуруснагӣ будааст. Дар як рӯз як маротиба моҳишӯрбо гуфта, хӯрок медоданду моҳиш набудааст.
Фурсате пас Мансур аз писараш пурсид.
– Ҷовид, аспро шинохтӣ? Безабон аз рафтуомад дар роҳи Миёнкол монда шуд.
– Аспи Баҳодур, Миёнкол куҷо?
– Замини байни Самарқанду Бухороро Миёнкол мегӯянд. Дар қади ин роҳ шаҳрҳо ва деҳаҳо бисёранд. – Мансур пушти гӯшҳои аспро солиду афзуд:
- Вақтҳои охир ба ӯ Рӯшан гуфта муроҷиат мекунам. Номи аспи пештараи Баҳодур. – Чанд харидор баромад, надодам.
– Надиҳед! Барои худамон меистад.- Мисли калонсолҳо маслиҳат дод Ҷовид.
Дере нагузашта субҳ дамиду атроф равшан шуд, роҳ аз байни дашти васеъ мегузарад. Дар тарафи рост, дар домани кӯҳҳо ҳар ҷо деҳаҳои хурд-хурд тӯл кашидаанд. Аз рӯбарӯ насими субҳгоҳӣ бӯйи шибоқи даштиро меорад. Ин бӯй ва равшании кабудранги субҳ рӯҳи касро болида медорад.
Мансур аспро маҳмез зада аз Мирзоумед пурсид:
– Корҳоро буд кардед?
– Ба ҷиянам Саидбек фармудам, ки пагоҳӣ зани хурдиро бо баҳонае ба Ургут биҷерад. Онҳо, ки расиданд, мо ҳамон замон раҳақӣ мешавем. Ба зани калонӣ ҳам ваъда кардам, ки баъди се моҳ туро Саидбек ба Бухоро мебарад,- гуфт Мирзоумед ва лабханд карду илова намуд.- Дар хона одамони озуқағундор дусола хӯроки ҷамъкардаро бурдаанд, чакману ҷомаҳоямро ҳам бурдаанд, зангарҳо.
– Аз хонаи ман ҳам ҳамаро бурдаанд,- гуфт Мансур ва дар тасаввур овард вақтеро, ки комиссия омада аз хонаи Баҳодур асбобу анҷомашро мебароранду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё