Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Фаҳмоғӯяки zard, на аз ту метарсаму на аз зиндонат!-холаи Гулмоҳ ҳам паст наомад.-Вақти гандумдаравию зағирдаравӣ миёни тую миёни инқилобат дард карда буд, ки на гандум мондию на равған. Ва «хонаи золим сӯзад, бачаи золим мурад!» гуфта қасдан бо овози баланд наво андохт: «Хонаме-е, хонам-е! Сару миёни фаҳмоғӯяк шиканад-е! Вой балам! Вой балам-е! Хонаамро рӯфта барои инқилоби сабилмондааш мебарад! Бала-ме, балам-е!..»
Он рӯз аз дигар хонаҳо низ овози нолаю шеван баланд шуд. Развёрстка мардумро бе буна ва бимзада кард. Яқин дар шаҳрҳо аҳвол бадтар аз ин буд, ки одамони гушназада ҳар рӯз гурӯҳ-гурӯҳ ба деҳаҳои атроф даромада, чизе барои хӯрдан пурсида, пас ҷониби болооби Зарафшон равона мешуданд. Бештарашон аз қавмҳои қазоқу қирғизҳои поёни Тошканд буданд. Таҳҷоиҳо аҳволи онҳоро дида метарсиданд. Аксар пойлуч ва пойҳояшон пур аз захм. Дасту рӯйҳо чиркину ҷо-ҷо задаю кабдушуда ва ҷароҳат баста, либосҳо дарида ва пурчангу хок, нигоҳҳо бенуру тарсухӯрдаву рамида.
Овоза меомад, ки ба хонаҳо даромада, толон мекарданд. Дар роҳҳо ба мусофирон ҳуҷум мекарданд. Аз ин рӯ мардум ҳар чизе доштанд, аз чашм паноҳ мекарданд.
Боре амаки Умарбек чор гилеми пашмини рангдори ҳар бор карда, Ҷовидро ҳамроҳ гирифта, ба деҳе, ки дар байни кӯҳҳои баланд қарор дошт, рафта ба як чувол гандум иваз карда баргаштанд. Дар якчанд ҷой одамони гушназада онҳоро зорӣ мекарданд, ки ақаллан як мушт гандум диҳанд. Вале ҳар дафъа Умарбек асояшонро ҷилва дода, ҳарро сахт-сахт задаю ҳайбата мекарданд. «Дар роҳ борамро намекушоям!». Қариб чил нафар аз ақиб кашол шуда меомаданд. Амак гоҳ-гоҳ огоҳ мекарданд. «Ҳама набиёд! Ба ҳама диҳам, ба худам чӣ мемонад?» Вале касе аз гандум дил кандан наметавонист. Кас он гурӯҳро дида, ҳам раҳмаш меояд, ҳам дилашро ваҳм мегирад. Умарбек назди дарвоза борро фуроварда, чуволро рӯйи зинаи дарун монда, ба ҳамсояҳои ба талаб омада низ ду муштӣ доданд: ними чувол холӣ шуд. Бисёриҳо ҳамон лаҳза, баъзе рост, баъзе нишаста, гандумашонро хӯрдаю роҳро давом доданд. Як қазоқи рӯяш моҳтоб барин гирда нақл кард, ки дар роҳи саргаҳи Зарафшон онҳо барин гуруснаҳо бисёр. Лекин мардуми Фалғару Масчоҳ хушкашон намемонанд. Қадре чав ё наск дода бо дилбардорӣ гусел мекунанд.
Дар деҳаи Найзаварон як қисми ками мардум чав ё мулк доштанду як навъ карда рӯзашонро мегузаронданд. Аксар решаи гиёҳҳои кӯҳӣ оварда, чӯшонда мехӯрданд. Ва шикамашон дам карда бод медод. Баъзе занон ва кӯдакон дар домани кӯҳ, то дастгире ёфтан, болои рег беҳолу бемадор меафтоданд. Модароне буданд, ки мисли бузи бачапарто ба кӯдаки худ нигоҳ намекарданд. Лекин баъде, ки тут сафед шуд, бачагала аз мурдан наҷот ёфт.
Умарбек ними шаб Мансурро ба хонае, ки Ҷовид хоб буд, дароварда пилтачарогро даргиронд ва дарҳол паст кард. «Мо ин ҷо ҳамроҳ хоб мекунем», — гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё