Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳоло биём, мегӯям.

– Хуб. Ба Қучқорбой салом расонед. Ӯро ҳурмат кунед. Дар ҳама кор рӯйи Худоро доред. Суханам ҳамин, хайр, саломат бошед.

– Хайр. – Ин дафъа овози Ҷовид паст садо дод.

Мансур гӯширо монду долонро гузашта, ба роҳрав баромад, ҳис кард, ки пеши чашмонаш хира, атрофро базӯр мебинад. Тоқат кард, то ки хирагӣ бартараф шавад. Пас оҳиста қадам монда, ба канори хирман омад. Юнуҷказори поини хирман нав гул партофтааст. Поинтар ҷуворимакка қад афрохтааст. Дар паҳлӯяш пайколи ҷав. Ҷав ҳам ҷо-ҷо хол задааст. Ҳоло Мансур ба ин рангҳо аҳамият намедиҳад. Чунки дасташ ба дасти марг асту хушу гӯшаш ба ҳамон тараф нигарон. Саҳро, дарахтҳо, он қамишзори поёни дашт ҳама бегона барин. Ин дам як манзараи бисёр дур ба хотираш омад: падарашро ду-се рӯз пеш аз марг аз ҳавлиаш ба хоначаи писаронаш гузаронд. Падар рӯйи ҳавлӣ истода ба дару девор зеҳн монду дар чеҳрааш осори ҳасрат намудор шуда буд. Мансур он вақт ҳолати мӯйсафедро пай набурд. Ҳоло худаш ба ҳамон рӯзу он ҳолат расидааст. Лабханд кард ва аз дилаш гузашт, ки меҳр дар чашм, Мансур, ту ки аз чашм афтодӣ, меҳри дигарҳо ҳам намемонад. Сифати зиндагӣ бадин сохт будааст. Бояд чунин бошад. Каси пиру пӯсида ба кӣ лозим? Бояд ҷойи холӣ кард. Боз ба фикраш омад, ки он лаҳза ба падараш осон буд. Чунки ба фарзандаш, яъне ба Мансур дарду ормонҳояшро гуфту борашро сабук кард. Мансур касе надорад, аз ин рӯ воҳимаи марг бештар. Аламангез будааст, вақте ки намехоҳӣ дар лаҳзаи марг фарзандат дар болои сарат бошад. Ӯ ба роҳи калон тоб хӯрд ва худро тасаллӣ дод. «Хайр, ҳамту хуб нест? Бо пойу дасти гиро, ба касе зор нашуда, хор нашуда... То ҳол Худованд худаш дар паноҳаш дошта овард, ин тарафашро ҳам худаш осон кунад». Ҳис кард, ки баданаш арақи хунук кардааст. Қадамашро тезонда, ба худ савол дод: боз чӣ корҳоро бояд анҷом бидиҳӣ? Қарздор нестӣ аз касе? Не, қарздор нестӣ. Бояд сару тан шуштаю худатро тоза кунӣ, ки хок меҳмони навро бо хушнудӣ қабул бикунад. Дигар коре ба хотираш нарасиду фикр кард, ки ин ҷаҳоне будааст, ки ҳама аз кӯчабоғҳои ҷавонии зебо, ишқу ошиқию шӯру талхиҳо гузашта, оқибат ҳасрат кашидаю барҷомонда шудаю сақароти маргро чашида мераванд. Ин сор рӯйи хотир нест. Лекин кори аз ҳама хубе, ки кардӣ, Мансур, ғарибмарг нашудӣ. Тасаввур кун, ки дар ин ҳолат дар хоки бегона мебудӣ, ҳасрату аламат садчандон мешуд. Шояд ҳамин лаҳзаро фикр кардаю фирориҳо шабу рӯз орзуи ба ватан баргаштанро мекунанд? Шайх Аҳмад мегуфт, ки (раҳматӣ дар Толиқони Афғонистон хок шуду ҳоло хокдонаш зиёратгоҳи мардумон аст) ин инқилобу моҷароҳо асроре доранд. Шояд асрори ин инқилоб дар ҳамин буд, ки мо ба қадри ватан бирасем. Мисле ки Ҷовид то лагади асп нахӯрду ҷинҷояш аз баданаш набаромаданд. Аз ин андешаҳояш худ ба худ табассум кард. Боз рӯзҳои охири падарашро пеши назар овард, ки худро чӣ гуна медошт. Боре аз ҳавлӣ баромада чашмаш ба фойтуни кӯча, ки дар он зану марди рус савор буданд, афтиду гуфт: «Шумо бо мардуми рус дӯстӣ ҷӯед, аз онҳо давлатдорию ватандориро омӯзед.» Баъдҳо чанд маротиба ин гуфта ба хотираш омад. Гоҳ ба он розӣ мешуд, гоҳ не. Ҳозир ба фикраш омад, ки ба

пешина
аз 613
навбатӣ