Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
баробари пашмаро куштан буд. Наздик шуда ҳарфҳоро хонд: «Барои ба роҳ додани хатоӣ дар сиёсати миллии озодихоҳи Ленин, миллатчии буржуазӣ буданаш, котиби аввали ҳизби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Файзуллоҳ Хоҷаев ба ҳабс гирифта шуд.» Чанд сол аст, ки сиёсати Сталинӣ халқи бисёреро ба ҷурми унсури бегона, миллатчии буржуазӣ ва ким-чӣ гуноҳҳое аз байн мебарад. Мисли тундбод дар дашту даман дарахтонро шикаставу афканда ба боди фано мебарад. Пештар Нусратуллоҳ Махсум, Гул Махсум... Эҳ бисёриҳоро «душмани халқ будаанд» гуфта, зиндон карда паронда буданд. Мансур фикр кард, ки Файзуллоҳ Хоҷаю Гул Махсумро ҳангоми хазинаи амирро баровардан дида буд. Фрунзеи сарлашкар ва Куйбишеви мағрур низ он ҷо буданд. Марг ин ду нафарро низ бурда буд. Аммо он лаҳза онҳо чӣ қадар шодмониҳо доштанд. Гумон мекарданд мамлакатро, ки гирифтанд, ҷовид мемонандӯ минбаъд зиндагиашон, чунон ки худашон гаштубаргашта мегуфтанд, бо бародарию баробарию фараҳмандиҳо хоҳад гузарад. Аммо ку он мурғи баландпарвозе (баландпарвозе), ки дар рӯзи шуҳрат рӯзи маргро ҳам дида тавонад? Аз ҳамон соате, ки Файзуллоҳ ба тавраш мансабро гирифт, гапу кори ҳамтавилаҳо дигар шуд. На Файзуллоҳ дами хуш зад, на Фрунзеи хазинаро зада (Ӯ аз дигарон пештар меъдадард шуда азоби дуалама кашида мурд). На дигару дигараш.
Аз он рӯз вақти зиёд нагузаштааст. Ҳамагӣ сездаҳ ё чордаҳ сол сипарӣ шуд. Ин дунёи буқаламун ҳамаро бурд. Пеш аз он ки ба партовгоҳи таърих ҳавошон диҳад, дар чашмашон неку бадашонро ба тарозуи адл андохту ҳаққашонро пурра додаю рози кард. Минбаъд ҳар вақте, ки он замонҳоро ёд кунанд, онҳоро низ ном мебаранд. Ба бади номшон мегиранд ё ба некӣ алҳол мо намедонем.
Мансур пас гашту бо лабҳанди ҳасратомез пичирос зад: «Акнун навбати худат омадааст, ошно, омода бош». Ин дафъа занг зад, ки Ҷовид гӯширо бардошт.
– Падарҷон, ман охири моҳ рафтани, – гуфт Ҷовид. – Ба шумо чӣ лозим? Чӣ барам?
Ҳайрон шуд Мансур. Айнан овози худашро дорад Ҷовид. Вале онро дигар ҳеҷ гоҳ нахоҳад шунид. Ҳамдигарро ҳеҷ гоҳ нахоҳанд дид. Ин ситам чун мехи сард ба қаҳри дилаш фурӯ рафт. Аз ғояти изтиробу навмедӣ танашро ларза гирифт. Ба зӯрӣ худро ба даст гирифта, ҳарчӣ оромона гуфт:
– Ҷовид, писарам, ҳеҷ чиз лозим нест. Ҳамту ба дилам омад, ки як занг занам. Хостам фаҳмам, ки тинҷ бошед. Овозатонро шунавам.
– Агар хоҳед, тезтар меравам, – гуфт Ҷовид. Дар гӯшӣ лаҳзае хиш-хиш шуд ва боз овоз равшан садо дод: – Овозатон паст... Хоҳед, пагоҳ меравам!
– Не, не, – лаҳзае таваққуф кард Мансур, то ки суханаш орому осуда садо диҳад ва афзуд: – Одам калонсол шавад, овозаш ҳам дигар мешавад. – Вақти омаданатон нони башир аз хотир набарояд. Хостам хотирасон кунам. Хайр, ба саломат...
– Ҳоло истед, саросема нашавед. Имшаб дар хобам даромадед.
«Мувақкилҳо ба ӯ ҳам хабар расондаанд. Чунон тезтаканд, шахбозҳо! Мисли почталионҳои давлати Шӯравӣ». Мансур хандид.
– Чӣ кор мекардам? Чӣ гуфтам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор