Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
сухани дил мешунави. Дурӯза умри боқимондаатро бе киноя ва беранҷ мегузарони.
Мансур зимни ин андешаҳо ба худ як кашфиёте ҳам кард. Онҳо минбаъд он падару писари пешин нестанд, ки ба ҳам бо меҳрубонӣ ҳама гапу ҳарфро кушоду равшан гуфта мешуниданд. Чунон ки Бибигулашро бой дод, Баҳодурашро куштанд, худашро аз ватан берун карданд, ин дилбанди охиринашро ҳам кайҳо ба дуриҳо бурдаю ба ӯ бегона кардаанду ӯ бехабар мондааст. Беҳуда умедворӣ мекашидааст. Мушоҳида кунад Ҷовид аз падар дида, ба онҳо дӯсттару наздиктар аст. Ӯ беҳуда ин қадар солҳо умедворӣ мекардааст. Акнун ҳеҷ муттакое дар ин олам надорад. Зиндагии минбаъдааш ба назараш дилгирона, озорманд намуд. Беихтиёр оҳ кашид, нигоҳаш ба Ҷовид бархӯрд ва мушоҳида кард, ки чойро саросема, бо дили нохоҳам менӯшад. Хомӯш пиёлаи дуюмро нӯшидаю оҳанги рафтан кард.
-
Рӯз бегоҳ шудааст, як шаб меистодӣ, - гуфт падар остухтаҳои парешоншударо болои ҳам чида ва қарор дод, ки маҷбур намекунад. Вай ҳар вақт орзу мекард, ки Ҷовид наздаш биёяд, манъ карда ду шаб медорад. Аз рӯзҳое, ки дар Самарқанд ва ҳам дар деҳаи Найзаварон ҳама озоду фараҳманд зиндагӣ доштанд, ёдовари мекунанд. Мансур аз ҳаёти ҳамватанон, ки дар он сӯйи марз зиндагии пур аз машаққату мазаллат доранд, нақл мекунад. То ки Ҷовид дар хотир гирад...
-
Чоятонро дидам, дигар вақт меоям, - Ҷовид намои табассум кард, аз ҷайбаш пул бароварда ба падар дароз кард: "Пул доред? Мабодо бепул намонед," гуфт.
Ба дили Мансур омад, ки мисли солҳои пеш базарба, "шин!"-гуфта писарро дар ҷояш шинонад. Вале боз ҳам "Чернов ба ман ҳама чиз,” гуфтанаш дар гӯшаш садо доду азмашро халалдор кард. Дилашро сардӣ ва бепарвоӣ фаро гирифт. “Бигузор, равад!" қарор дод. Ӯ қимати пули шӯравиро медонад. Пай бурд, ки пули дарозкардаи Ҷовид чандон зиёд нест. Гирам-нагирам гуфта, лаҳзаи дудила истод. Ва то ки писарро дар ҳолати ногувор нагузорад, бо овози ба худаш бегона: "Шукр, писарам ба ман пул додааст," гуфта пулро гирифту болои тоқи паҳлуи дар монд ва афзуд: - Лекин дон, ки ман пул дорам. Пулам ба ҳама чиз мерасад (Дар назар дошт гӯру чӯби маргро). Зиндагии худатро фикр кун.
- Шумо то ҳол моро хӯрондаю пӯшондед,-меҳрубонӣ нишон дод Ҷовид ва аз ҷояш хест.
"Бегона шудааст, солҳои дурӣ бегонааш кардаанд!" - гузашт аз дили Мансур ва рафтагор шудани писарро дида меҳри падарӣ боло гирифт: Рӯйи забонаш омад, ки гӯяд: "Мехоҳам, ки як шаб ҳамроҳ бошем. Ман чанд сол шуд, ки чунин фурсатро орзу мекардам.” Аз ҷудоию танҳоӣ ба ҷон омада будам. Не, боз ҳам худро дошт. Лабашро сахт газид, ки дандони ковокшудааш ба дард даромад. Хоҳишашро фӯру нишонд. Озори дил пеши хоҳишашро дошт. Одам, ки калонсол мешудааст, зуд меранҷидааст. Лекин ҳамаро ба худ хӯрдаю ифшо намекардааст. Бори озорро кашидан метавонӣ. Аммо қувваи муқовимат надорӣ.
Матои пирӣ, оҷизӣ будааст.
- Зини аспро сахт бандам, пас даромада хӯрцинро мегирам - гуфт Ҷовид ва аз дар берун шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор