Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ман ба Чернов чӣ кор дорам? - Манзурам ин, ки дар тарафҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлобу он тарафҳо бисёр деҳаҳо холӣ шудаю қабристон шудаанд. Худат аз ман хубтар медонӣ!

  • Чӣ, шумо мегӯед, ки онҳо аз дасти Чернов холӣ шуданд?!- Ҷовид бо ғазаби ошкоро ба рӯи падар нигарист. - Ё аз ҷабри армияи сурх?! Не! Онҳо аз дасти босмачиҳои хунхору ҳаромхӯр рафтанд! Аз дасти Иброҳиму Фузайлу эшонҳо ва махдумҳоятон! - Ҷовид дақиқае хомӯш шуду боз бо лаҳни шадидтар афзуд: -Чернов ҷонашро дод, то ки мо аз торикию ғуломӣ бираҳем! Зиндагии озод дошта бошем!

“Бубин, ба рӯйи падар чӣ гуна медавад!” Мансур хашмгин шуд. Марди гармию сардиҳоро бисёр дида зуд худро ба даст гирифт ва ба суханаш оҳанги шӯхӣ дод:

  • Пеш ҳам дар ин тарафҳо офтобу рӯшанӣ буд, баста мондагӣ ҳам набудем. Ин тараф Маскову Порис мерафтем, ин тараф Хутану Чин. Имрӯзабарин либоси рангоранг надоштему лекин либоси ватанӣ - карбосу алочаи гарму бароҳат буд. Шикамҳомон ҳам сер буд.

Ҷовид ба суханони падар эътибор надод. Нигоҳаш ба самте бо оҳанги пештара гуфт:

  • Ба Чернов ман намакхӯр.... Маро дар паҳлӯяш гирифт, кор ёд дод. Соҳиби обрӯ кард! Чернов ба ман ҳама чиз!..

  • Чернов ба ман ҳама чиз,- такрор кард Мансур зери лаб. Сари рухсораҳояш сурх шуданд, вале онро касе надид. Аз ин сухан ранҷид. Маънои сухани писар ҳамон аст, ки ту ҳастӣ, ё не, парво надорам. Дилаш ях барин шуд. Вуҷудашро як ҳолати ноумедии хуриовар фаро гирифт. - Ӯ дароз шуда, чойчӯши чӯшида-истодаро бо дасту бараҳна ба шаст ақиб кашид. Ғазабашро ба зӯрӣ фурӯ нишонд. Дигар ҳаваси сӯҳбат карданаш намонд. Хомӯш дастархон партофта, ба оҳанги сулҳҷӯёна гуфт:

  • Чойи батаъм дорам. Дуямон чой менӯшем.

Ҷовид аз хурчинаш, ки назди дар мондааст, тӯшаи овардаашро гирифта, кушод: дар он ду нони ширмол, қаймоқ ва як коса равғани маска аст.

  • Ман нони Баширро нағз мебинам,- Мансур худро маҷбур карда хурсандӣ изҳор кард. Аммо дар қаҳри дилаш аз гузаштаю ояндаи умри беҳосилаш ғавго хеста буд. Овози “Чернов ба ман ҳама чиз!” гуфтани писар ҳеҷ аз гӯшаш намеравад. Чойи сӯзонро қасдан тез-тез нӯшида, сари дилашро месӯзонанд, ки тағйир хӯрдани ҳолаташро ошкор накунад. Фурсате гузашта пас ба маломату мазаммати худ пардохт: “Мансур, ту дон, ки Ҷовид дигар он писараки сода ва гапдарои нест, ки аз Найзаварон ба Бухоро, пас ба тарафи Балҷувон омаданд. Ӯ ҳоло як шахси мансабдори давлати муқтадири Шӯравист. Модом ки дар пас чунин неру, ҳимоятгар дорад, вай куҷою туи пири як поят дар лаби гӯр истода куҷо? Инро ба назар гиру ба ҳадди худат по дароз кун. Ҳадди ту гуреза, душман, хоини миллат. Қаҳрашро хезонд, роҳи мо ҷудо гуфта, хеста меравад.

Ба дили Мансур омад, ки ба ҳамааш туф карда худи пагоҳ хеста ба Афғонистон равад. Он ҷо ҳастанд ҳамрозу ҳамдардон, одамоне, ки аз дил гуфтаю

пешина
аз 613
навбатӣ