Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Дар ин асно ӯ Фёдорро дид, ки назди мағозаи нон болои латта китоб чида-асту онҳоро фурӯхтанист. Се-чор нафар занҳои рус китобҳоро варақ мезананд.
-
Медонистам, ки дар ин ҷойҳо мегардӣ, кайҳо кофтан меомадам. - Мансур аз дидори дӯсташ хурсанд шуд. Онҳо дасти ҳам доштаю дар замирашон бо ҳам дар гуфтугӯ шуданд. “О-ҳо, пир шудай-ку Мансурбой! Рангат ҳам дигар шудааст.” - Фёдор ин сухани ба сари забонаш омадаро нагуфт, худро дошт. Ва ҳамзамон дар нигоҳи рафиқаш ин нуктаро пай бурд: “Худат ҳам пир шудай-ку, ошно! Мӯи зардат мӯи ман барин сафед шудааст.” Ва ҳарду аз гуфтори дарунии якдигар хандиданд.
-
Чӣ шуд, Самарқандро монда, ба ин вайрона омадӣ? - пурсид Мансур.
-
Ду сол зиёд шуд, дар ин вайронаам. - Дар Самарқанд, собиқ буржуй гуфта, кор надоданд.
-
Шикамба гӯшт намешаваду бегона дӯст, гуфтаанд, инҳо бо мо, буржуйҳо, кор як тараф, рӯз намедиҳанд.
-
Ҳамин хел барин, - Фёдор мисли солҳои пеш нигоҳи дӯстонаашро ба рӯйи Мансур дӯхта гуфт:
-
Ин ҷо шинос доштам: Александр Чернов. Дар ин ҷангҳои зидди босмачӣ сардори бригада буд. Гуфта буд, ки биё, дар ситоди мо кор мекунӣ. Ту барин нависандаҳо ба мо даркоранд. Мо кӯчада омадем, як ҳавлии бе дару девора харида обод кардем. Аз байн се ҳафта гузашту фаҳмидам, ки дар сарҳад кушта шудааст. Аз ин ҷо мондаю аз он ҷо ронда шудам. Занам ҳамроҳи духтарам ба ватани бобоишон Тамбов рафтанд. Аз пасашон ман ҳам рафтам. Лекин дар хунукӣ истода натавониста, баргаштам. Ба ин офтобу ин мардумони дилкушоду меҳрубон одат кардаам. Ва чунон ки мебинӣ, асбобҳои рӯзгор фурӯхтаю чархи зиндагӣ мечархонам.
-
Эх, аз корҳоят гардам, дунё, - Мансур бо таассуф сар ҷунбонд ва аз дилаш гузашт, ки раҳматии Чернов бо ин ҳам шинос будааст. Лекин ман ӯро парондам. Ин сирро на фақат аз Ҷовид, аз ин ҳам пинҳон доштан лозим. Ӯ пурсид:
-
Акнун чӣ ният дорӣ?
-
Ният ҳамин, ки ин ҷо истода кор мекунам. Ҷойи навобод, кор бисёр. Аллакай ба ду-се ҷой даъват карданд.
-
Ту ҳамин ҷо бошӣ, ман дигар ба Афғонистон намеравам. Каси ҳамсуҳбат мекарда ҳаст.
Фёдор китобҳояшро ҷамъ карда гуфт:
-
Гӯш кун, ҷӯра, рӯз бегоҳ шуд, биё ба кулбаи фақиронаи ман рафта, суҳбатро давом медиҳем.
-
Кулбаат фақирона бошад, меравем.-Мансур хурсанд шуд.
Мансур аз ҳаёте, ки дар Ҳисор мегузаронд, розӣ буд. Колхозчиён, фаъолон касе дар он давру пеш ҳаст, ҳурматаш мекунанд, ба маърақаҳошон металабанд, аз ҳама муҳим, дер-дер бошад ҳам, Ҷовидашро дида меистад. Ба як бекасу кӯй аз ин зиёд боз чӣ лозим? Раҳмат ба Ҷамолиддин, ки ба бригадир “ҳамин марди ғариба посбони ҳирман монед, савоба мегиред” гуфтаю розимаш кунондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор