Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

“Не, намегӯяд! Хондагӣ-дия, айёр аст.” Мансур ба табассум чашмонашро танг карда, ба рӯи писараш синчакунон гуфт: — Ту намояндаи ҳукумат, медонӣ-ку, ман ба халқам душманӣ накардаам.

— Ман медонам! — Ҷовид боз ситезманд шуд. — Лекин ман ба касе ин суханро гуфта наметавонам.

Падар кунҷковӣ карда мехоҳад бештар аз дили писар воқиф шавад.

— Мехоҳам боқии умрамро дар ватанам гузаронам, — гуфт ӯ ва нигоҳи писарро доштанӣ мешавад.

— Чӣ хеле худатон хоҳед, — писар нигоҳашро мегурезонад.

Падар дар оҳанги сухани писар баръало бегонагиро ҳис мекунад. Ин ҳолат дилашро чун мех мехарошад ва дигар истихола накарда гиреҳи дилашро мекушояд.

— Писарам, Ҷовид, дар маҷлиси се моҳ пеш гузарондаатон ҳам ман дар ҳамин ҷо будам. Ту, ки дар ҳалқаи рафиқон баромада раҳакӣ шудӣ, одоб надонистам, ки сари роҳат бароям. Ман як сол зиёд шуд, ки дар Ҳисорам. Дар колхози ба номи Куйбишев, дар хирмани пахта посбон.

— Посбон? Пас хабар намедиҳед? — Ҷовид ба зӯрӣ лабханд кард.

— Суханамро то охир гӯш кун. — Мансур чун одат даст ба пушт гузоштаю қадам зад, беихтиёр оҳ кашида афзуд: — Гапи бисёр намезанем. Замонаро худат хуб медонӣ. Дар ҷойи корам ҳама маро бобои Мансур мегӯянд. Он ҷо як нафаре ҳаст, ки тарозубон аст. Қариб ҳамсолем, номаш Ҷамолиддин. Ба ҳамон гуфтам, ки ман аз тарафи Қурғонтеппа, аз деҳи Фирӯзии Боло. Дар хотир дорӣ, дар сари чашмаш хоб рафтем? Одамонаш ҳамроҳи эшонашон мераванд. Ман ба ӯ гуфтам, ки ҳама хешу таборам ба Афғонистон гузашта рафтанд. Фақат як хешамон мондааст. Туро ном гирифтам.

Нигоҳи падару писар ба ҳам бархӯрд. Дар нигоҳи яке кунҷковӣ ва ризоятмандӣ, дар нигоҳи дигаре меҳрубонӣ ва пазмонӣ аён аст.

— Ҳисор рафта ҷоятонро бинем? — пурсид Ҷовид.

Мансур пай бурд, ки писар корашро писандид. Ба дилаш сабукӣ ворид шуду бо нармӣ гуфт:

— Дар гӯшаи хирман хоначае ҳаст. Он ҷо хобу хез мекунам. Ҳоло дер шуд. Дафъаи дигар ки омадию вақтат шуд, медарой.

Онҳо сабук хайрухуш карда, аз ҳам ҷудо шуданд.

Мансур аз байни тӯб-тӯб чӯбу оҳане ки барои сохтмон оварда буданд, гузашту сӯйи аспаш, ки дар чинори сари роҳ баста буд, рафт. Дар он сӯйи роҳ дуконҳои қаторро дида баргашт, ки ду нон гирад. Ӯ қадам мезаду ҳоло ҳам дар қайди суҳбат бо писараш буд. Дар замираш бо ӯ гуфтугӯ мекард: “Ту ба ман муносибати сард накун, аблаҳ. Ту дигару Латофату Шодибек дигар (духтарашу домодашро дар назар дошт). Онҳо агар биё нагӯянд, парво надорам. Лекин ту дигарӣ, аблаҳ! Тавонӣ, як сухани хуб гӯй. Натавонӣ, хап кун! Ман ақламро нахӯрдаам, ки худамро ба ту бор кунам. Хонаат рафта зер карда шинам. Ба худат тинҷ бошӣ, шуд. Лекин ту як дафъа биёта гӯй!... Чеҳраатро кушо, ки ин дили сабили пурдардӯ пурзардоу ноумеди ҳарду ҷаҳон нашавад.

пешина
аз 613
навбатӣ