Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
- Мансурбой, дигар дар бораи хона гап намезанем.- Монед, ба ягон камбағали афғон тӯҳфааш мекунем. Баъзеҳо саҳарӣ барвақт ба роҳ мебаромадаанд. Ман ҳам пагоҳ роҳи ватанамро пеш мегирам. Шумо хоҳед, худатон пӯшеду шинед.
Мансур фаҳмид, ки Низом - махдумро ба гап дароварда наметавонад. Ӯ ҳолати ошикеро дорад, ки ризогии маъшуқаро гирифтаю бол бароварда парида рафтанист. Ва лаҳзае пас он боварӣ ба худаш ҳам сироят кард. Ба ватан рафтанашро тасаввур карду ғалаёни шодӣ ба дилаш рехт. Фикр кард, ки дарёро гузарад, зуд Ҷовидро гирифта, ҳамроҳ ба Бухоро назди Зулайҳо мебарад. Ва боз фикрҳои бешуморе ба сараш омаданд. Белу зоғнулҳои парешони сохтмонро ҷамъ карда ба як тараф монду ба тариқи маслиҳат гуфт:
- Ҳоло фикри тӯҳфаро монед.
Пагоҳ касе ба роҳ набаромад. Низом - махдум куҷое рафта омаду истиҳола карда монд.
Мансур мардикор оварда, хоки хонаҳоро андохт. То бегоҳ низ хабаре аз сафар нашуд. Дар ин байни Низом - махдум ду маротиба ба «Бозори Нав»-и дар ҷониби ҷанубии шаҳр пӯшидаи фарғонгиҳо рафта омаду сухане нагуфт. Аз андоми беқарору ғамбораш маълум буд, ки ҳеҷ хабар нест. Пагоҳӣ низ ҳама ҷо ором менамуд. Хабар рӯзи ҷумъа омад. Дар масҷид гуфтанд, ки се рӯз шудааст, ки аэропланҳо ҷониби Ғарм раво доштаанд. Мардуми деҳаҳои назди сарҳад онҳоро медидаанд.
Ин хабар тарбузи гурезаҳоро аз бағал афтонд. Ва боз се рӯз гузашту ҳақиқат ошкор шуд. Хабар омад, ки Фузайл махсум ними аскарашро бой додаю саркану покан гурехта, дарёро гузаштааст. Баъди ин овозаҳо ва умеду ноумедиҳо Низом - махдум мисли каси мусибатдида он шабу саҳар аз хона набаромад. Бегоҳи рӯз назди алафҳои тӯбкардаи поёни ҳавлӣ ба Мансур рӯбарӯ омада, оби дидааш шаш қатор шуда гуфт:
- Наход Бухороро надида мурам?- Ва бинӣ пок карда бо оҳанги узрхоҳона афзуд:- Одам, ки сину солаш мерафтааст, мисли кӯдак зудбовар мешудааст.
Мансур, ки ҳеҷ гоҳ рафиқашро ин гуна хору залил надида буд, дар аввал чӣ гуфтанашро надониста ҳангуманд монд. Пай бурд, ки мардакро дигар умеди ба ватан рафтан намондаю худро бой додааст. Даст ба кифташ ниҳода тасал-лоомез гуфт:
- Дӯсти азиз, ҳоло насиби нону оби ин хок аз мо канда нашудааст.
Низом-махдум гиребонашро дошта «Худоё, тавба кардам, тавба кардам» мегуфт, вале оби дидааш бештару бештар мерехт.
Азбаски рӯзҳо кӯтоҳ шуда буданд, ҳар рӯз Мансур то вақти шом кор мекард. «То сар шудани боронҳо бояд дару тирезаҳоро шинонем» мегуфт. Дар ҳамон рӯзҳо марди афғоне, ки ба Низом-махдум ҳамсоягӣ кон будааст, ҳамроҳи писараш ҳарду аспсавор ба хонаашон омад. Аспҳои меҳмонҳо абзори қимат доштаанд. Ҳамроҳ чанд нони башир, қанду конфет овардаанд. Онҳоро дар ҳавлӣ ҷой кардаанд. Меҳмон ҳаял накард. Як пиёла чой нӯшиду матлабашро баён кард. Гуфт, ки номам Набиҳон аст. Писари мо дар наздатон нишастааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор