Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Қуръон фаровардааст. Духтаратона дар дӯкон дида ошиқ шудааст. Омадам, ки насиб рафта бошад хешу табор шавем.
Низом-махдум ҳайрон шуда ба меҳмон пас ба Мансур назар дӯхт андомаш гирифта шуд.
Мансур ба писари Набихон нигарист. Падарашбарин чашмкалон биниаш дароз мегӯӣ овезон аст, маъқулаш нашуд.
– Мо баъди соли нав ба ватан меравем. — гуфт норозиёна Низом-махдум. — Як духтар дорам ӯро ин ҷо монда намеравем.
– Хона кардеду... — Набихон хандид. — Ҳамватан хона аз ду поятон маҳкам медорад.
– Магар ишқи ватан пеши касро дошта метавонад? — Низом-махдум чеҳрааш сурх шуд. — Даҳ хона бошад партофта меравам.
– Ҳамту-кӯя, — гуфт Набихон. — Лекин ишқи духтар аз ишқи ватан ҳам зӯрай — гуфту боз хандид.
Меҳмонҳо зиёд панишастаанд. Шумо ба хонагиҳотон маслиҳат кунед боз меоем гуфта хестанд.
Домодшаванда ҷавони гандумгуни бинидароз ҳавлӣ баромада нигоҳаш ҷониби хонаи занҳо буд.
Мансур ҳам аз ин хабари ногаҳонӣ гаранг шуд. Ба дилаш омад, ки хуб кард Низом-махдум ба меҳмонҳои нохонда не гуфт. Он духтари зебои меҳрубонро ба бегона додан лозим нест. Духтарате будааст, гапа бин!
Баъди рафтани меҳмонҳо Низом-махдум бисёр зиқид:
– Ман ба ту хеш набошам, табор набошам, чӣ гуфта ба ту духтар медодам? Баъдтар боз: хешу табор шавем будааст! Инҳо як мардуми шилкинанд... — Дар сухани Низом-махдум хавотирӣ ҳис мешуд.
– Шумо ин мардро мешиносед? — Пурсид Мансур.
– Ду-се маротиба дар назди дӯкони писараш дида будам. Боре ҳамгап шудему гуфта буд, ки дар дастаи низомии вилояти Қундуз кор мекунад.
Мансур гап назад. Рӯйи ҳавлӣ, ки ҳанӯз нам дошт, гилему тахтапӯст партофта, хӯроки нимрӯзӣ мехӯрданд, ки Кучибой ба аспи кабуди гулдӯзиаш ҳам кабудранг савор шуда омад. Як дастархони калон нони ширмолу шириниҳои хуштаъми шӯравиро овардааст. «Аз тӯйи ҷавонҳо тӯҳфа овардам» гуфт ва тибқи одат нӯги ришаро ба лабонаш бурда, хандаи баланддашро сар дод ва афзуд: «Зиндагиро ба гарданашон бор кардем. Ҳарду хурсанд.»
– Тӯй карда омадед? Қанд занед. – Мансурро ин хабар ҳам шод карду ҳам ношод. Аз он ҷиҳат шод шуд, ки фарзандаш ба рӯзи шаҳӣ расид, ношод барои он шуд, ки як писар дораду дар тӯяш иштирок накард. Зимистони гузашта, вақте ки шабона сарҳадро гузашта ба хонаи Кучибой рафт, ӯ бори дувум ин гапро кушод. «Насиб карда бошад, тирамоҳ тӯйи ҷавонҳоро баргузор мекунем» гуфт. Дар ҳамон сафар Мансур фаҳмид, ки Ҷовид як сол боз дар комсомол кор мекардааст. Ҷовид худаш набуд. Аз тарафи кор семоҳа ба Тошканд барои хондан фиристодаанд. Ҳарчанд Мансур дар тӯй иштирок кардаӣ набуд, вале дар дил умед дошт, ки тӯй наздик шавад, як даҳон хабар медиҳанд. Димоғаш сӯхта бошад ҳам, сир бой надод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор