Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Колхоз қарор бароварда хонаҳоро соҳибӣ кард. Нуралӣ ба хонаҳои кӯҳнааш, ки дар гӯшаи замин буданд, кӯчид.
Нуралӣ, чунон ки ба Аминзода ваъда дода буд, дар колхоз аз таҳти дил кор кард. Як ҷуфт говро гирифта, заминҳои поёноби Сурхиро ҷуфт кард. Дар кишту кор ба фаъолон маслиҳат медод. Ба тухмикорӣ, об додани зироат ва дигар корҳо назорат мекард. Он сол бисёр заминҳо ки обу тобашонро дар вақташ гирифта буданд, ҳосили хуб доданд.
Аз байн як сол гузашту ба духтари калонии Нуралӣ Моҳрухсор хостгор омад. Зани Нуралӣ гуфта буд, ки ба духтаратон кадом комсомол талабгор шудааст. Комсомоли талабгор Ашӯр - чӯлоқ будааст. Нуралӣ ба занаш пӯписа кард: “Бо духтарат ин пилтаро аз гӯшатон кашед. Ман ба комсомол - помсомол духтар намедиҳам! Ҳаминҳо маро хонаҳароб карданд! Ҳусус ба он чӯлоқи буздузд, ки ақаллан хона надорад!” Ӯ ба ишораи гап тамом чуберо пеш кашида табар зад.
Занаш ҳавлиро ҷорӯб задаю ба тариқи маслиҳат гуфт:
– Модари бача дирӯз омада гуфт, ки алҳол хонаҳомон кам. Тӯйро гузаронем, дарҳол аз пайи хона мешавем.
– Гуфтам, намешавад, нафаҳмидӣ?! - шиддат кард Нуралӣ. - Ва андаке таваккуф карда, бо ғазабу алам афзуд: - Зоғу кабӯтаранд инҳо! Дар як катак наметавонанд!
Гулрӯ бо оҳанги маломат гуфт:
– Духтаратон имсол ба бисту ду медароянд. Дугонаҳояш кайҳо соҳиби шавҳару кӯдак. То ҳол моро муштамзӯр гуфта, истиҳола карда, даромад накарданд. Акнун ки баҳташ кушода шудааст, не нагӯед. - Ва ҷорӯбро ба кунҷе ҳаво додаю афзуд: - Духтаратон ба бача моил барин. Замонай хостӣ - хостам шуд. Зан хомӯш шуд ва бо оҳанги маломат афзуд: - Шукр Хосият ҳам духтари калон шудааст... - Инҳоро наметавонем дар хона дорем уболу бад аст.
Нуралӣ сухани занашро такрор кард: «Замонай хостӣ - хостам шуд» ва сахт-сахт табар зада чӯбро пора карду бо ҳамон хашму ғазаби аввала гуфт:
– Чӣ мехоҳед, кунед! Сипас ҷониби дашти Сурхӣ рафта, раҳи обро бел зада гоҳ-гоҳ бо овози шунаво мегуфт: “Замони хостӣ-хостам будааст! Хостӣ-хостам...!”
Гуфтаи Нуралӣ баромад. Зиндагии Моҳрухсор бо Ашӯр-чӯлоқ то ду сол накашид. Ашӯр, ки аксар вақт масту аласт мегашт, рӯзе калав-калав аз дар даромада, “чаро ту кулакдухтарро гирифтам?! Бари домани ба шумоён расидаамро мебурам” — гуфта ҷавобашро додааст.
Он бегоҳ Нуралӣ аз идораи раис ошуфтаю ғазаболуд баргашт. Гуфтугузорашон ба Сангов чунин сурат гирифта буд.
– Мегӯянд, ки гандуми замини пуштаҳо тунук баромадааст. Вақти тухмпошӣ куҷо будед?! Чаро худатон тухмро напошидед? — пӯписа мекард Сангов. — Шояд қасдан наомадед?! Шояд пешравии кори колхозро намехоҳед?!
Боймурод ҳам ки дар утоқи Сангов буд, ҷониби Нуралӣ ҳавои даҳон кард:
– Рӯзе ки шуморо сафед карданд, гуфтанд-ку. Дар кишту кору ҳосил додани замин нисбат ба раис шумо бештар масъулед! Нақша буд нашавад, ин ҳам душманӣ дониста мешавад!
Нуралӣ лабханд карда ба тариқи маслиҳат гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор