Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Агар хушксолӣ биёяд, ё малах зер кунад чӣ?
– Ҳар шаб то саҳар дуо кунед, ки хушксолӣ набиёд! – дод зад Сангов. – Фаҳмо?!

Нуралӣ дасташро болои миз монда беихтиёр оҳиста-оҳиста так-так кард, пас нигоҳашро бардоштаю ба рӯи Сангов нигариста гуфт:
– Соли дароз корҳои вазнин ба гарданам, шабҳо то саҳар дуо кунам, – рӯзи меҳнат аз сӣ боло нашавад. Зани шумо дар сол ду кӯдак зояду боз саду даҳ рӯзи меҳнат гирад...

– Ту, кулак, забондароз шудай?
– Ман аз кулак буданам ор намекунам, раис, – гуфт Нуралӣ. Аммо шумо ба ман ба ту сухан накунед. Нуралӣ оҳиста ва аз ҷояш хеста афзуд: – Вақте ки муносибат ба одамро ёд гирифтед, найдам биёед! – ва ҷониби дар рафт.

– Шинед, куҷо рафтед!? – Боймурод аз ҷояш хест. – Шинед дар ҷоятон!
– Шумо ин ҷо чӣ кор мекунед? – Нуралӣ назди дар истода бо азобе ғазабашро фурӯ нишонд ва афзуд: – Дар марказ кор мекунед? Равед аз пайи коратон!
– Ба куҷо рафтани ман кори шумо набудаш, – Боймурод тамасхур кард. – Шинед дар ҷоятон!

– И ин кас намояндаи район, узви раёсати колхози мо! Акнун фаҳмидед?! – гуфт Сангов.
Нуралӣ дигар ҳарфе нагуфта, аз дар баромад. Аз пас овози Санговрӯ шунид: –

– Дидед, кулака! Мехоҳад ба ӯ “шумо” гуфта тап занем! Рӯйи даст бардорем!
Дили Нуралӣ кӯҳи ғам зер кард. Бо алам пай бурд, ки ин тоифа ба ӯ рӯйи хуш намедиҳанд. Балки ба фарзанонаш ҳам зарар мерасонанд. Ба инҳо ба хубӣ намешавад. Ба ҳамон ту гуфтанаш ба даҳонаш задан лозим буд. Ӯ ғарқи чунин андешаҳо ба ҳавлиаш даромада, духтараш Моҳрусорро дид, ки дар кунҷи ҳавлӣ гиря дораду кӯдакаш дар бағали хоҳараш Ҳосият. Аз чеҳраи изтиробзада ва нигоҳи гунаҳкоронаи Моҳрусор пай бурд, ки аз хонаи шавҳараш қаҳр карда омадааст. Фикр кард, ки ҷанги зану шавҳар ба нав нест. Каме ором шавад, пас мефиристад. Зимни чунин андешаҳо бо нигоҳи меҳрбор “омадӣ, духтарам?” гуфт.

Моҳрусор бо оби дидаи шашқатор баландтар гиря карда гуфт: “Ашӯр ҷавобама дод!” Нуралӣ суханҳои духтарашро ё нафаҳмид ё сарфаҳм нарафта, ҳайратзада дар ҷояш истод. Пас хомӯш ҷомаашро кашида ба мехи сутуни ҳавлӣ овехт, пеш омад ва боз баргашта дар бағалкиссааш чизеро кофт. Ақиб гашт ва оромусона пурсид:

– Киро ҷавоб дод?
– Ашӯр гуфт, ки талоқата додам. Ман бо духтари кулак зиндагӣ намекунам, мегӯяд!
Нуралӣ суханро дарк карду лаҳзае шах шуда монд.

– Маст дара даромаду бе галу ҳарф ҳамин сухана гуфт, – афзуд Моҳрусор.
Нуралӣ дар ҳолате, ки як-як манаҳаш меларзид, рафта аз гӯшаи ҳавлӣ офтобаро гирифтанӣ шуд, ки Ҳосият пештар рафта ба обдаста об рехта бо оҳанги маломат гуфт: “Кошки бой намебудем.”

пешина
аз 613
навбатӣ