Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳам мекунанд. Рафиқи ҳамаи мо фирқаи коммунист ва колхозест, ки дар он кор мекунему ҳақ мегирем. Аз ин рӯ ин хона ба Нуралӣ дарокор ҳам нест”.

— Мизбонию меҳмоннавозиро ҳам душман гуфтаю Сибир кардед? — киноя кард Умарбек.

Остон дар ҷои нишасташ ба одамони атроф фаҳмонда гуфт:

— Ман панҷоҳ рӯзи қуфл дар ин хона ба пушторам хоку санг кашондагӣ.

Дар охир худи Сангов хеста, рӯйи холдорашро абус карда бо овози баланд бо таҳдид гуфт:

— Аслан ин хонаи колхоз ҳисоб меёбад. Дар вақташ мардуми деҳа дар ин хона меҳнат кардаанд. Имрӯз бо қарори колхоз хона таъмир шудаю бинои колхоз мешавад.

Нуралӣ ҳамроҳи писараш Анвар дар кунҷе сарҳам менишаст. Анвар ҳам шуда гуфт: “Падар хонаро мегиранд, чаро хап нишастаед?”

— Чӣ коре аз дастамон меояд? — гуфт Нуралӣ. Вай ранг бохтаю рӯҳафтода менамуд. Маълум буд, ки ӯ аз баҳри хона баромадааст.

Анварро ҳайсияти ҷавонӣ ба ҷӯш омад. Ҳарчанд кӯшиш кард, ки ором сухан кунад, суханаш тезутунд баромад.

— Раис, коре ки мекунед, хуб нест. Чаро хонаи дигарон хонаи худашон будаасту хонаи мо аз они мардум?

Аз чор тараф ба Анвар ҳуҷум карданд.

— Ӯро ин чӣ роҳ дод?

Боймурод аз ҷояш хеста ба зарба гуфт:

— Ҳой, бача, падарат ин ҷо нишастааст. Мо бо ӯ гуфтугӯ мекунем, на бо ту!

Остон бо овози чирросиаш фарёд зад:

— Хонаи ту буд, хонаи халқ шуд! Ҳақ ба ҳақдораш расид!

Сангов аз ҷойи нишаст ҷаҳл кард:

— Ба ту кулакбача касе ҳаққи сухан кардан надодааст!

Тарафи Анварро фақат Домуллоназар гирифт:

— Ҳой мардум, хонааш аст, чаро ҳаққи сухан кардан надоштааст! Ана мусулмонию...

Ин дам ногаҳон кашокашиву занозанӣ сар зад ва шоҳидон баъдтар воқеаро чунин нақл карданд:

Анвар бо як ҷаҳиш худро болои миз гирифтаю Санговро зада афтонда ба зери лагад гирифт. Боймуроди ба сараш ҳамла карда омадаро аз гиребонаш дошта, як калла заду пас кашола карда аз ҳавлӣ берун бурд ва ба даруни ҳавзи об ҳаво дод. Ибоди писари бародараш ба ӯ ёр шуда буд, ки вайро ҳам дар шикамаш зада афтонд. Остон бинии шикастаю хунравонашро дошта, бо гиря дуо мекард: “Илоҳо Сибир рафта ҷувонимарг шавӣ, ки мурдаат ин су наояд!” Нуралӣ хост писарашро дорад, ки писар ӯро ҳам кашола карда бурда ба даруни ҳавз ҳаво дод. Занҳои дар ақиб нишаста қиву чиғ бардошта, ба чор тараф гурехтанд. Як вақт бинем, дар саҳн касе намондааст...

Ҳафтаи дигар ду милиса омада Анварро ба маркази ноҳия бурда маҳкам карданд. Баъд аз як моҳ суд ӯро ба муддати шаш сол аз озодӣ маҳрум кард.

пешина
аз 613
навбатӣ