Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Духтар ба тасдиқ сар ҷунбонд. Табассум мекунад ва ҳамчунон аз чашмонаш ашк мерехт, «хезум меорам» гуфту ақиб гашт.
Мансур лаҳзаае аз гиряву пурсиши духтар саргаранг истоду пас ба атроф нигарист. Дар доманкӯҳҳои ҷониби Янғиқалъа, Ҳазрати Имом шамъу фонусҳои хира тӯл кашида рафтаанд. Дар он ҷойҳо хаймаю козаҳои гурезаҳо бино ёфтаанд. Ин овораҳо шаш-ҳафт сол боз ба умед ҳастанд, ки имрӯзу пагоҳ дар ватанашон амнию оромӣ мешаваду ба хонаю рӯзгори гарми худ бармегарданд. Ҳамин аҳвол аз соҳили Панҷ то Термезу Бешкаппаи туркманҳо, ба масофаи беш аз ҳазор километр тӯл кашидааст. Инҳо ҳамон мардуме мебошанд, ки Мансур дар ағбаи Китоб дида буд. Дар ҳавои гарм ва пурчангу ғубор бору бун дар пушт, чашмҳо пурғаму дилҳо пурхун, бо ҳоли парешон қадам мезаданд. Инҳо ҳамон мардумеанд, ки рӯзи фироқи Бухоро аз таркиши бомбаҳо захракаф шудаю хонаю дарро партофта гурехтанд. Инҳо ҳамон мардуманд, ки аз Бухорои шарқӣ аз ҷафои тири аскари сурху аз ситами қамчини босмачӣ деҳа-деҳа чилои ватан кардаанд, омада дар соҳили Ҷайҳун аз най бурида бофтаю ҳафтаҳо интизори паст шудани об мешуданд, ки кӯдакҳояшонро сиҳату саломат гузаронда тавонанд. Ва ҳоло баъди гузаштани он рӯзҳо ва солҳои сахти ғарибию нодорӣ фарзандҳо калон шуда, бероҳу бедониш монда, таънаи бадхоҳ шунида, алам кашида, бо падарон гиребонгир шудаанд, ки ту маро бадин рӯз расондӣ! Ва аз ҳама бадтару дилҳароштар боз он аст, ки оқибати ин ҷафоҳо ва гурезогурезҳо ҳанӯз номаълуму нопайдост. Ва пешвое нест, ки сар шуда, як сухани басалоҳ гӯяд. Мардумро ҷамъ карда маслиҳати ояндаро кунад. Як ҳолати ошуфта, изтиробафзо дар ҷисму ҷони Мансур дарафтод. Шамоли сахту сарде, ки мевазид, аз ҷониби чангал писандаш буд, он «ҷорӯб» аламашро рӯфта кам мекард. Фурсате гузашту борон шурӯъ шуд. Ба хотири Мансур кӯдакҳои дар даромади чангал вохӯрдааш омаданд. Ҳоло онҳо дар ин ҳавои боронӣ, дар торикии ваҳмангез, дар каппаи рост кардаашон мургакон барин ба ҳам чафс шуда хобанд. Писараи чингиламӯйду додари рӯйҳояш доғи кунчитакдор дар хафол хоб мераванд. Ҳарду дар сару рӯйҳояшон асари мушту нохун доштанд. Онҳо бо тарс ба писарики поёни чашмаш захмдошта менигаристанд. Маълум, ки вай онҳоро мезанад. Кошки писарики майдаякро ҳамроҳ гирифта меовард. Як ҳафта - ду ҳафта ин ҷо меистод. Пас ба корхонааш мебурд. Ҳамроҳаш хобу хез мекард. Ким-чи гуна фикри хом карду... Ин хатои кардааш чун захми кӯҳна як умр азобаш медиҳад. Акнун ин гуна кӯдакҳои бекасу бесаробонмондоро он тараф, аз Фарғона шурӯъ карда то соҳили Ҷайҳун ва ин тараф дар шаҳру деҳоти Афғонистон мебинӣ. Инҳо ҳама фарзандони мардуми доро ва баору номус буданд. Зиндагиашон хуб буд. Шароити хондану касб омӯхтану оянда хонаю дари беҳтар кардану одаму олим шуданро доштанд. Вале падарҳояшонро паронданд, зиндон кардану худашонро душманбача гуфта, аз хонаҳо берун карданд. Мурдааш мемурад, зинда мондааш ҳам умри ба зӯрӣ ба сар мебарад. Он феълу хӯи олинажодию олитаборие, ки дар хунҳояшон доштанд, куллан барҳам мехӯрад. Гадои ғулом мешаванд. Он бару болои зебои авлодӣ ҳам намемонад. Шояд наслҳои сеюм ё чорум ба худ ояду аз нав нангу номус карда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор