Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ба хондану худшиносию дигар корҳо рӯ оранд. Чӣ карданд бо ин миллат? Аз роҳ берунаш кардаю ба қаҳри ҷарӣ ҳаво доданд...
– Дароед! - гуфтани Низом - махдум Мансурро ба худ оварду вориди хона шуд.
Пагоҳӣ, ҳангоми рафтан, боз аз хонаи Исмат полвон овози ҷанҷол баланд шуд:
«Шумо ин балоро ба сари мо овардед! Шумо моро беватану бемоя кардед!
Шумо!... Шумо...Шумо...» гуфтаю то рафт бо овози баланд шиддат мекард писар. Овозашро қариб ҳамаи деҳа мешунид.
– Ин рӯз фақат ба сари ману ту наомадааст,- Падар бо нимовоз ва оҳанги тавалло сухан мекунад. - Ними халқи олам дар ин ҷост, онҳо ҳам ба айби ман омаданд?...
Мансур аз хона баромада дар равшании пагоҳӣ боз назараш ба хаймаю каппаҳои гурезаҳо афтид, ки дар доманкӯҳҳо тӯл кашидаанд. Шаб чароғҳояшонро дида буд. Ҳоло хира-хира соҳибони сиёҳбахташонро медид, кӣ чарху чалак мересад, касе девор ё чариеро меканад, ки баҳри фарзанд капае дуруст кунад. Ин манзара ба ёдаш дарахти тути назди масҷиди Пояндаро овард. Дарахти бузургу босалобате буд, чун мурғи афсонавӣ, ки як маҳалларо зери бол медошт. Аз тамошояш ҳавас мекардӣ. Рӯзи оташгирии Бухоро шоҳҳои яктарафаш нимсӯхта шуданд. Пас болшевикҳо масҷидро ҷойи буду боши худашону аспҳошон кардаю боқӣ шоҳҳоро буриданд ва чун ҳезум истифода карданд. Мансур ин дафъа, кӣ ба Бухоро рафт, дид, ки он дарахти бузургро аз тана буридаанд. Ғафсии танаю он дарахт қариб ба ғафсии хаймаи хешони қирғизу қазоқ меояд. Яқин ду-се моҳ аз чор тараф арраю табар кор фармуда, буриданд. Ҳоло кӯдакон дар болои кундаи тут, ки аз хок ду-се ваҷаб баланд аст, давра нишаста, бо сару сасангчабозию зочабозӣ мекунанд.
Ҳолдонҳо мегуфтанд, ки ин дарахту масҷид мисли дугоникҳо ҳамсоланд.
Боре фотеҳе чанд усто оварда хостааст, ки дарахтро кам-кам бурида коргари табақсозӣ бунёд кунад, ки мардуми шаҳр пул ҷамъ оварда он бадаъмолро рад карда, дарахтро харидаанд.
Рӯзе, ки Мансур аз назди дарахт гузашта буд, мушоҳида кард, ки аз атрофи кунда ва аз реша пармеҳаҳо сар бароварда, ба авҷу нумӯъ ҷавона мезанад.
Албатта, соҳибони масҷид-кулуб (ҳоло кулуб) онҳоро нигоҳубин мекунанд.
Пармеҳаҳо калон шаванд. Чунки дар рӯзҳои гарми тобистон онҳо соя доранд.
Лекин ҳеҷ гоҳ он пармеҳаҳо мисли дарахти аввала ба салобату шукӯҳдор нахоҳанд шуд...
Овози Низом - махдум аз назди оғил баромад.
– Ҳар гоҳе ҷанҷоли ҳамсояҳоро шунавам, шеър ба хотирам меояд ва меандешам, ки аз афташ дар он замонаҳо ҳам, чунин воқеаҳо рух медоданд.
Духтаронро ҳама ҷангу аст ҷадал бо модар,
Писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор