Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
-
Гуфта будам, ки дар Қундуз замин гирифтам. Баъди як моҳ корҳоямро буд карда меоям, пас он ҷо рафта бароятон хона мепӯшем. Чунки дар панҷ солу даҳ соли охир чашмам намегирад, ки мо ба Бухоро роҳ ёбем.
-
Воҳима накунед, хона намекунам. - Чеҳраи Низом - махдум гирифта шуду ба аломати инкор сар ҷунбонд.
Ба Шарифҷон сухани падар хуш наомад. «Ман дар ин ҷағора намешинам» гуфта, хесту ба хона даромад.
Мансур ба ишораи «нақовед» сар ҷунбонда гуфт:
- Самарқандиҳои мо як мақол доранд: «Як рӯз бошу хурӯс бош!» Хонаро пӯшем, вақте рафтед, фурӯхта меравед.
Низом - махдум лаҳзаде сукут кард, сипас оҳи бадард кашида гуфт:
- Иклими Бухоро аз ин ҷо гармтар аст. Як ҳафта пеш аз иди Наврӯз дар ҳавлиҳо фароштурукҳо пайдо мешаванд-ку ин тарафу он тараф парвоз мекунанд. Мисле ки аз омад-омади ид хабар медиҳанд Пас лаклакҳо меоянд. Якчанд рӯз дар атроф ва болои шаҳр парвоз мекунанд. Туп-туп дар болои гунбазу манораҳо мешинанд. Гӯё ки идгузаронии мардумро тамошо мекунанд. Дар рӯзҳои ид мардум ба сайри гули лола мебароянд. Дар он рӯзҳо офтоб ҳам зиёд мешава-ду равшанӣ ҳам. Занону духтарон либосҳои рангубаранг пӯшида мебароянд. Ҷавонон ҳаргуна бозиҳо ташкил мекунанд. Духтарон бод меандозанд. Гузар ба гузар мусобиқаи шеъргӯию чистонгӯй мешавад. Ва овоза меравад, ки чистони фалон зан ё духтарро касе накушодааст. Шеъри фалон шоир ба ҳама писанд омадааст. Вақтҳои охир чунин давраҳо дар хобам медароянду як ҳафта - ду ҳафта худамро чун дар қафас ҳис карда девона мешавам.
Ин дам дар ҳавлии поёни роҳ садои баҳсу мунозира ва телаю танба шуду пас овози дуюю гиряи пасти зане садо дод. Низом - махдум ба шиддат аз ҷояш хеста гуфт:
- Дар хона ҷой мекунам, ин ҷо хунук аст!- Ва чойникиро гирифта илова кард:- Ин Исмат полвоне, ки гуфтам, ҳар гоҳ ба писараш ҷанҷол кардаю дили мардума сиёҳ мекунад.
Садаф як даста ҳезум оварда назди оташдон монду ҷониби Мансур нигарист ва гуфт: «Амак, инҳо баъзан, пагоҳӣ ҳам ҷанҷол мекунанд, ҳама мешунавад.
Мансур пай бурд, ки духтар хоҳиши ба ӯ сӯҳбат кардан дорад. Худаш гап кушод:
-
Садаф, ин ҷо мактаб нест, ки хонӣ?
-
Намедонам мактаб ҳаст ё не. Лекин ман назди модарам ҳафтяку чоркитобро фуровардам, ҳоло Қуръон мехонам.
-
Офарин, Қуръонро ки фуровардӣ, дигар китобҳо ҳам хон.
Садаф ба тасдиқ сар ҷунбонду пурсид:
-
Амак, моро ягон вақт ба Бухоро рафтан мемонанд? - Аз чашмони духтар ашк ҷорӣ шуд. Мисле ки борон ба шиддат мерезад ва афзуд: - Модарам мегӯянд, ки дигар моро рафтан намемонанд.
-
Бухоро ватани мо, чӣ хел намемондаанд? - Мансур худро бепарво вонамуд кард ва пеш даромаду берун баромаданду илова кард: - Намонанд ҳам «ватанам ҳаст!» гуфта меравем, ҳамту?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор