Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳар гоҳе, ки як мард ё зани худамона бо кӯдакаш дар дари афғон дар ҳоли гадой мебинам, Худоё мана гир, ки ин рӯза набинам гуфта, худама дуъо мекунам,-Ҳабиба ором намешуд.

— Болшевикҳо ба дин ислоҳот даровардаю медонед чӣ кор карданд, келин?- Мансур суҳбатро боз ба дигар сӯй гардонд..- Дар тарафҳои Самарқанду Тошканд масҷидҳоро кулуб кардаанд.

— Кулубаш чӣ будааст?

— Кулуб ҷое, ки комсомолҳо, думраваки ҳизбашон ҷамъ шуда, рақсу бозӣ мекардаанд. Маҷлису маърака мегузарондаанд.

— Гардани комсомолҳошон парад, хуни сиёҳ қай кунанд, ба шаҳи нарасанд, ёфтаанд ҷойи бозишона!

— Дар Бухоро боз чӣ гапу корҳо?-пурсид Низоммахдум.

— Дар Бухоро ва умуман аҳволи мардуми он тарафҳо оянда боз бадтар хоҳад шуд ва фирориҳо боз зиёд мешаванд.

— Боз чӣ гап будааст, чӣ балое меомадааст?

— Ҳоло чӣ вазъият аст, мегӯям, он тарафро худатон пай мебаред. Рӯзҳои иди Наврӯзро дар Кӯрғонтеппаю Саройкамар гузарондам. Дар ин тарафҳо байни муҷоҳиду баталионҳои болшевик ҳоло ҳам задухӯрд меравад. Кӯчаҳо пури гадоёну беморон. Худатон медонед, ки баъди иди Наврӯз мардум ба чӣ маҳбубияти ҳавасмандӣҳо ба кори деҳқонӣ мебаромаданд. Барзаговҳои зимистон боникардаашонро ба ҷуғт омода мекарданд, ёғу омочҳои шикастаро таъмир мекарданд. Чӯйборҳоро тоза мекарданд. Ҳоло чунин корҳоро мушоҳида намекунӣ. Мардум ким-чи хел бепарво, бетафовут. Ва аксари заминҳо партовӣ шудаю қисме ба ботлоқ табдил ёфта хобанд.

— Ин халқу ватанро ба чӣ ҳол гирифтор карданд? — Андоми Низом маҳдум мисли каси ба дард печида шуд. Ӯ аз ҳамон рӯзи аввали аз дарё гузаштанаш лаҳзае умеди ба ватан баргаштан аз дилаш канда набуд. Ва хоб мерафт, аз хоб мехест, ба коре мерафт, номи Бухоро дар даҳонаш буд. Ӯ ҳоли ошиқи аз маъшуқ дурафтодаро дошт. Ҳама рӯз чашмонаш чори хабару воқеае буд, ки аз он сӯйи соҳил меомад. Суханони Мансурро шунида, ба фикраш омад, ки пештар дар ин ҷо мардуми худашонро дар кӯчаю бозор медид, аз дидори якдигар хурсанд мешуданд. Як соли охир чунин нест. Дар нигоҳи ҳар яке таънаю маломат намудор аст. Гуноҳи беватаниро дар худ не, дар якдигар меҷӯянд ва аз ин ранҷ мекашӣ.

Ҳарду хомӯш монданд. Сипас Мансур мушоҳида кард, ки деҳаи Ҳисориро торикии шаб пӯшондааст. Овози гову гӯсфандони аз саҳро бармегашта дигар намеомад. Аз атроф гоҳ-гоҳ ҳангоси баланди маркаб меояду бас.

Шамолаке, ки аз ҷониби теппа мевазад, торафт тез мешавад. Аз ҳавлиҳои атроф ҷое овози хандаи духтар меояд, мисли ки кабӯтар болҳояшро паҳн кардаю оҳиста ба замин фуруд меояд. Ҷое овози гиряи талхи тифл, ҷойе аллагӯии зане. Ва агар эътибор диҳӣ, дар ҳамаи ин садоҳо як навъ пазмонӣ ва ҳазинии дурӣ аз зору диёрро ҳис мекунӣ.

Онҳо хеле вақт аз кору воқеаҳое, ки ба чӣ сабаб рӯй задану оқибати онҳо ба чӣ анҷомид, сӯҳбат карданд ва дар охир Мансур гуфт:

пешина
аз 613
навбатӣ