Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
- Куҷо хестед? Нав сар кардеду... Шинед.-Зан аз поён ба рӯи шавҳараш нигарист. Дар нигоҳи меҳрбораш шавку шӯри занона шарора зад:
- То сари кӯча рафта меоям,- гуфт Мансур!
Зан хеста бо оҳанги пештара гуфт: - Куҷое равед, майлатон, лекин хонаи Самарқандамро баргардонед. Хонаи бафайзамро. Мудом он хонаро хоб мебинам.
«Ин андеша ҳеҷ гоҳ аз сари ту немеравад. Агар ин корро накунам, то охири умрат маро намебахшӣ»,- аз дил гузаронд Мансур ва гуфт: - Дар рама дусад гӯсфанд дорам. Ҳамаро фурӯхта, ба он ғуладинг медиҳам, ки хона хараду хонаи моро холӣ кунад.
- Дар бонк ҳам пул доред-ку! Боре гуфтед, ки пул мондам. Агар ин кор шавад, дигар дар дилам армон намемонад, -Бибигул дасти шавҳарро ба лабаш бурда, бӯсид.
- Вай пула ҳам мегирам... Аммо ту каме сабр кун. Бинем, инқилобашон то ба куҷо меравад.
Ин дам дар кӯча давутоз ва ҳар гуна садоҳо баланд шуданд. Мансур гуфт: - Имрӯз гӯё аскари сурх меомадааст.- Ӯ ҷомаи танашро кашида, аз меҳ ҷомаи нав гирифта пӯшид.
- Аскар ин чӣ кор мекардааст?- Бибигулро тарс фаро гирифт.
- Ман аз куҷо донам?- Аз ман маслиҳат напурсад.- Мансур оҳанги суханашро ба шӯхӣ гардонд.- Гӯё касе бой бошад, гирифта зиндон мекардаанд. Аммо дар ин ҷо канӣ бой? Онҳо бойҳоеро мегиранд, ки завод доранд, одамонро мисли ғулом кор мефармоянд.
- Хонаи моро ҳам хабар мегиранд?
- Ба хонаи мо биёнду ин дару девори рехтаро бинанд, ду-се танга медиҳанд,
ки зиндагиатонро дуруст кунед,-Мансур худро ба ханда дошт.
Бибигул нигоҳашро аз шавҳараш намеканд. Фаҳмид, ки Мансур хавотириашро базӯр пинҳон медорад.
Омадани аскари рус барои кӯдакҳои деҳа тамошою дилхӯшӣ шуд. Онҳо мисли селаи гунҷишкҳо аз кӯча ба кӯча давида, бо ҳоюҳӯй дунёро ба сар мебардоштанд. Баъзеҳо аз ними роҳ бармегарданд. Баъзеҳо бодбарак доранд. Кадоме химчаро «асп» кардаю савор шудааст. Аксар пойлуч, куртаҳо дарида, баъзеҳо эзор надоранд. Беэзорҳоро қасдан пеши по дошта меафтонанд, курта-ашонро боло бардошта механданд. Чобрида гирякунон ақиб мегардад. Тӯдаи колонтарҳо то канори деҳа алакай ду-се маротиба рафта омаданд.
Офтоб пагоҳӣ як намоён шуду пас абрҳо мисле, ки гандуми шустаро тунук кардаанд, Ҷовид ба касеву овозе эътибор надода, ҳамроҳи рафиқаш Ҳумоюн, писари Нуралии оқсоқол, то беруни деҳа рафт. Он ҷо муддате таваққуф карданд. Баъд диданд, ки дар паси заминҳои майса саворон намоён шуданд, ақиб гашта ба мардуми дар саҳни масҷид ҷамъомада хабар доданд: «Омаданд! Омаданд! Сурхиро гузаштанд!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё