Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Ҷовид дар байни мардум падарашро надид. Баҳодур ҳам нанамуд. «Онҳоро хабар додан лозим»! Аз байни издиҳом берун омаду падарашро дид, ки дар охири кӯча ҳамроҳи Олимбой дилу бедилон ба ин сӯ меоянд. Издиҳом онҳоро ба назди се-чор нафар мӯйсафеде, ки дар пеши саҳн, болои тахта нишастаанд, раҳнамоӣ кард. Амаки Олимбой қомати баланд доранд. Саллаю ҷома карда дар кӯча чунон бо салобат роҳ мераванд, ки ҳавасат меояд. Фурсате гузашту Баҳодуру Нурмуҳаммади писари Файзмуҳаммади қассоб омада, паҳлӯи Ҷовид рост истоданд.
– Олимбой, ба халоиқ ду-се сухан гӯед, одамони бегона меоянд, ба онҳо чӣ гуна муносибат кунанд? – Марди рӯйдароз, ки Каромат ном дошт, дуредгарӣ мекард, аз ҷо хеста, ба овози гирифта ба Олимбой муроҷиат кард:
– Нуралӣ сухан кардан гиранд, – овоз дод кадоме. – Осақол ки ҳастанд, сухан кунанд.
– Ба чунин издиҳом акаи Олимбой сухан мегӯянд. – Нуралӣ аз ҷой хеста, ба ақиб нигарист.
Издиҳом хомӯш шуд. Нигоҳи Ҷовид ба Ҷаббор бархӯрд, ки ҳамроҳи падараш Тоши Тарош (аз лофзании зиёд лақаби тарош гирифтааст) дар гӯшае истодаанд. Ҷаббор бо истеҳзо ба мардум менигарад.
Аммо амаки Олимбойро шукӯҳу шаҳомати пештараашон намондааст. Китфҳояшон афтида, яқин овозаи «бойҳоро зиндон мекунанд», он касро сахт тарсондааст.
– Ин ҷо сухан мекардагиҳо будагистанд, ҳоло сухани мо қадр надорад. – Олимбой аз ҷо хеста ба атроф нигаристанд, қадре хомӯш истода, пас дилубедилон бо овози гиреххӯрда гуфтанд:
– Ҳамдиёрон, ҳазорон шукр, деҳаи мо дар саховату меҳмондорӣ дар ин обрав номдор аст. Маслиҳат, ки хоҳ рус меояд, хоҳ болшевик ё каси дигар, бо чеҳраи кушода пешвоз гиред. Ризқи меҳмон пеш аз худаш меояд, мегӯянд, ҳақ асту рост. Ман дар таҷрибаам инро дидаам. - Ва ба давра зеҳн монда дилпуртар шуда илова карданд:- Мирзоумед, шумо масъалаи таъмини бедаро ба уҳда гиред. Ҳар хона се-чор банд партояд, бас мекунанд. Йем гӯянд, ёфта диҳед. Файзмуҳаммади қассоб, кори шумо маълум. Дар куҷо гӯсфанд ё навбаст ҳаст, медонед. Дар оғили ман ҳафт шишаку чорӣ ҳаст. Лозим шавад, ҳамаашро гиред.
– Дар оғили мо ҳам чорӣ ҳаст,-лукма доданд Мавлонбой -аз гузари Таги Санг. Вай марди аз панҷоҳ гузаштаи ришпаҳн ва серҳаракат буда, нигоҳаш мудом бадқаҳрона менамуд.
Дар деҳа ҳоло бойи калон Мавлонбой аст. Рамааш аз ҳазор гӯсфанд ҳам зиёд доштааст. Заминаш ҳам аз замини Олимбой зиёд аст.
Якбора чанд нафар овоз баланд карданд:
– Ман шишаки поидагӣ дорам.
– Дар ман ҳам ҳаст! Гушти буз гӯянд, така ҳам ҳаст!
Яқин ҳиммати ҳамдиёрон илҳоми Мавлонбойро овард, ки бо овози баланд ба домодашон фармон доданд:
– Амин, чории кабудро гирифта биёр. Меҳмонҳо, ки наздик шуданд, дар пеши пояшон сар мебурӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё