Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ин кор дар мо набуд. Ин одати саҳроиҳо, – гуфт Нуралӣ ба тариқи маслиҳат.
– Ин як кори аҳмақӣ. – Обид, ҷавони болобаланде, ки риши сиёҳ дорад, ба тунди ин суханро гуфтаю бад-бад ба рӯи Мавлонбой нигарист.
Мавлонбой чизе нагуфта нигоҳашро гурезонд.
Баъзеҳо тарафи Мавлонбойро гирифтанд.
– Иззату икроми меҳмон хуб аст.
– Монед кушанд! Ду-сето кушанд боз хубтар! – Ин суханро Остони амак-бачаи Нуралӣ гуфт ва қақарос зада хандид.
Ин дам пеши аскар намоён мешавад. Баъзеҳо камон дар китф, баъзеҳо дар болои зин хобонда меоянд. Ситораҳои шапкаҳошон ҳавасанҷ аст. Гурӯҳе назди хонаи пристав истоду гурӯҳе аспҳоро лука дода, наздик омад. Дар байни омадаҳо Холбеки Сангин ҳам ҳаст. Мардуми деҳа ӯро дар байни аскари сурх дида хурсанд шуданд. Касе бо овози баланд гуфт: «Қандаша хӯрад писари Сангинбой! фарзанди диёр...»
– Обрӯи диёр! – овоз дод дигаре.
– То ҳол ҳаромиш мегуфтед, акнун обрӯи диёр шуд! – оҳиста луқма дод Файзмуҳаммад.
Аскарҳо сару либоси озода доранд. Баъзе сарлуч, аспҳошон ҳам яккачин карда. Сум кӯфтаю ҳар дам фур-фур карда, нафас тоза мекунанд. Пештар аз паси кӯҳи Сим як-як овози тундар меомад, ин дафъа аз наздик баланд садо дод.
Нурмуҳаммад ҷониби Баҳодур пичиррос зад:
– Савлати Холро дидӣ?
Баҳодур бо тасдиқ сар ҷунбонда пурсид: – Дар ҳақиқат падар надорад?
– Доштагист, – Нурмуҳаммад хандид ва наздиктар нишасту гуфт:
– Дар деҳа кали Сангин ном марде буд. Чанд сол пеш вай мурд. Як ношуди гурбачашм. Ба ҷил медарояду касе духтар намедиҳад. Бева ҳам намегирадаш. Баъди он се-чор сол гум шуда пас бо як зани олус ва аз худ калонсол бармегардад, ки дар пасаш ҳамин кӯдак будааст. Мегуфтанд, ки ҳаромист. Чор-панҷ сол мегузараду Сангин немурад. Зан ҳам се сол шуд вафот карданаша. Ин бача бекас монду, дар ба дар шуд. Гоҳе Холу гоҳе Холбек мегуфтандаш. Агар касе номашро намедонист ё фаромӯш мекард «бачаи кампир» мегуфт. Азбаски чеҳраи сиёҳчурдаи ношуста дошт, баъзе занҳо Қатрон ном мегирифтандаш. Подабонӣ фармуданд, гоҳе подаро ними рӯз меовард, гоҳе намерафт. Осиёбон наздаш гирифт, дили вайро ҳам гарм накард. Гап мепурсӣ ё чаро фалон корро накардӣ мепурсид, ҳит-ҳит механдид. Пас ба шаҳр равуо мекардагӣ шуду се-чор сол бедарак буд. Порсол овоза шуд, ки ба аскари рус харкор будааст. Ассали сол омад, ки тамоман одами дигар. Дар тан шинел, дар сар шапкаи ситорадор. Э-ҳе! назараш фалака намегирад. Дар чеҳрааш ба ҷои ханда осори таҳдид нишастааст. Гап пурсед, ба ғазаб ҷавоб медиҳад. Мисле ки ба шумо кина дорад. Баъзан калимаҳои русӣ мегуфт. Ҳолдонҳо мегуфтанд, ки дашном мекунад.
Ҷовид ба суханони Нурмуҳаммад эътибор надод. Фикр кард, ки кофирҳоро ношуста мегӯянд, инҳо баръакс, либосҳои зебою озода доранд.

пешина
аз 613
навбатӣ