Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Андаке пас ҳарду гурӯҳ рӯбарӯ шуданд. Дар пеши отряд марди зардинарӯи ба нур дар болои аспи абргуна нишастааст, мӯйлаби зардашро молиш дода, баъзан ба дурбини дар китфаш овезон даст мебарад. Яқин сардаста аст.

Дар байни издиҳом пичир-пичир шуд: «Олимбой, бароед. Олимбойро гӯед, сухан кунанд».

Олимбой саллаашонро ақиб кардаю андаке лангида, пеши издиҳом баромада, ба садои гиро гуфтанд:

  • Меҳмонҳо, саллотҳои болшевик, ба диёри мо хуш омадед. Ба ҳар қадаматон ҳасанот...

  • Саллот не, аскари сурх гӯед, - аз пас касе овоз дод.

Сардаста ба Олимбой зеҳн монда, табассум кард ва бо русӣ чизе гуфт.

Аз гӯшаи рост марди тоторнусхаи кӯтоҳриш наздик омада, сухани Олимбойро ба русӣ тарҷума кард. Ин дам шамол қувват гирифт. Мавлонбой ба ишора Аминро саросема кард. Амин ҳамроҳи Сафар, додари Ҷаббор, чорякеро ки думбаашро базӯр кашола карда мерафт, даступо баста наздиктари сафи кӯшун кашида сар буриданд.

  • Хун рӯшноӣ!

Муборак шавад! - Аз байни издиҳом овозҳо шунида мешаванд. Ва издиҳом сабук нафас мекашад. Олимбой суханашонро идома доданд.

  • Меҳмонҳо! Мо аз омадани шумо ба деҳаамон мамнунем. Ба тавоноии шумо салламно мегӯем. Ба аскар ва аспу улоғҳоятон ҳама чиз муҳайёст.

Дар ин асно аз қатори пас марди тоссари тануманд аспашро тозиёна зада пеш баромад ва ба тахтапушти Амин бо қамчин зад. Амин яктарафа ҳам шуд. Издиҳом гӯй ки шах шуда бошад, намеҷунбид. Сафар гӯсфандро раҳо карда гурехт, аммо ҷомаи дарозаш ба пояш печиду афтид. Дастаро ханда фаро гирифт. Гӯсфанди нимбисмил тоб хӯрда ба зону хест. Дасту пойҳояш ки баста буданд, боз афтид. Гардан хунрезон: аз пасаш шаршара барин пору мерезад. Файзмуҳаммади қассоб роҳравон аз миёнаш корд гирифта, гӯсфандро, «ҷонам шавӣ, ҷонам шавӣ» - гӯён ба зону дошта сарашро ҷудо кард. Амин калавида, аз давра берун баромад.

  • Гумон кардӣ, ки пеши пойи болшевик гӯсфанд кушӣ, халос мешавӣ? Не, акнун сарата мехӯрӣ! - Обид рӯбарӯи Мавлонбой истода ин суханро гуфт.

Мавлонбой боз ҳам нигоҳашро гурезонда чизе нагуфт.

  • Обид, ёфтӣ вақти ҷангҷолӣ, - Каромати дуредгар, ки дар кунҷе менишаст, овоз дод.

  • Ҳоло ҳисобрабобарӣ дар пеш аст, - пӯписа кард Обид.

Қодири сурхчашм, ки бо Обид рафиқӣ дошт, тарафдораш гирифт.

  • Мавлонбоятон айби худаш. Дар вақташ ман бой гуфтаю баромада номзади Обида гирифт.

  • Падари духтарро розӣ карда гирифт.

  • Гирифт, акнун ҷавобаш медиҳад.

Сардаста ба шиддат ҷониби тоссар чизе гуфт. Пас аз асп фуромада пештар омад ва ба осмон, ки як-як борон мечакид, нигариста ба нармӣ ба мардум муроҷиат кард:

пешина
аз 613
навбатӣ