Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Ман аз шумоён узр мепурсам, рафиқон. Ин ҳамроҳи мо ба ин тарафҳо, ки нав омадааст, расму оини ин ҷойҳоро намедонад. Аз сӯйи дигар, дар назди ин қадар адам гӯсфанди бечораро сар буридаю тамошо кардан...-Сардаста хандид ва ба оҳанги дигар суханашро идома дод:
– Бародарон, мақсади аскари сурх барқарор кардани адолат аст. Мо душмани бойҳою муштамзӯрҳо -дӯсти деҳқонону камбағалонем.
Чашми Ҷовид ба падараш афтод, ки Баҳодурро наздаш хонда чизе мегуфт: Сардаста суханашро тамом кард ва ҳарду ҷониб пароканда шуданд.
Ҷовид хона омада дид, ки падару модар сандуқи аз ду тараф дастадошта гулкорикардашударо ба чағораи бехи девори каҳдон гузоштаву болояшро мепӯшонанд. Падар аз омадани ӯ бехабар ҷониби модар гуфт: «Он ҷо ба ғайри русҳо қавму миллатҳои дигар ҳам ҳастанд. Як-як узбеку тоҷикҳои худамон низ ҳамроҳашон. Онҳоро дидаму ба дилам омад, ки ба ин тоифа бовар кардан намешавад.»
Ин дам Баҳодур бо шитоб аз дарвоза даромад ва хабар дод:
– Бурда дар оғилашон бастам! Ба амаки Умарбек гуфтам, ки обу алафашро дар оғил диҳед. - Вай ким-чи хел саросема менамуд.
Ҷовид пай бурд, ки аспро бурда ба оғири Умарбек бастаанд. Ва нахустин бор ба дилаш тарс даромад. Дақиқае чанд гузашту овози тирпаронӣ ва гирудор шунида шуд. Баҳодур ба «Ист! Куҷо меравӣ?» гуфтани модар гӯш накарда, ба кӯча давид. Ба кӯчаи назди мактаби куҳна гузашт. Хонаи Меҳрубон дар ҳамон тараф аст.
– Инҳо мардумро бедилсиёҳӣ намемонанду, - ғур-ғур кард падар. Ӯ ошуфта менамояд. Фурсате гузашту Баҳодур баргашт ва хабар овард:
– Падарҷон, бойҳоро медоранд. Чанд нафар хонаи амаки Мирзоумед даромаданд. Роҳнамою маслаҳатгарашон Холбеку Тошу Гадобой хонааш дар назди осиё буда ва боз чанд нафари дигар. Аз гузари Таги Санг ҳам ҳамроҳашон ҳаст.
«Ҳамин ҳафта ягон чо рӯ паноҳ кардан лозим будааст. Вале акнун дер шуд», - фикр кард Мансур. Ва дар чеҳраи занаш изтиробу тарсро дида, ӯро тасаллӣ дод:
– Ту парво накун. Инҳо касеро гиранд, аввал дақиқ меомӯзанд.
Бибигул пай бурд, ки Мансур барои дилбардории ӯ ин суханро гуфт. Бештар хавотир шуд. Нигоҳашро аз ӯ наканда гуфт:
– Ин чӣ инқилоб буд? Мемонданд, ки аққалан тӯйи Баҳодурама мегузарондам... - Вай тез-тез курпачаҳои рӯйи ҳавлиро ҷамъ кард.
– Чизу чораи тӯй тайёр. Агар ба ман часпиданд, худатон мегузаронед! - гуфт Мансур ба тариқи маслаҳат. Ӯ боз чизе гуфтанӣ шуду зуд худро дошт. Метарсид, ки ларзиши овозашро Бибигул пай барад.
– Як гапҳо мегӯед, ки, - бо оби дидаи шашкатор нидо кард Бибигул. - Чаро ба шумо мечаспиданд? Бе шумо чӣ хел тӯй?!
– Чӣ хел тӯй! Тӯйи калоне, ки худат гузарондӣ. Ҳашт шабурӯз хоб нарафтанат аз хотират баромад?..
Ин дам се нафар сарбоз ба шаст аз дарвоза зада даромаданд. Ҷаббор ва марди гафсаке бо номи Қодир ҳамроҳашон. Аз гузари Таги Санг ҳам ҷавоне ҳаст. Пеш-пеш Ҷаббор лаби поёнашро зери дандон кардаю бо ғазаб меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё