Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо ду соат барин дар байни замину боғҳои бесоҳиб пасу пеш гаштанд. Чернов боғеро, ки зардолуҳояш рехтаю хушк шудаанд, ба Муҳаммадшариф нишон дода пурсид:
– Соҳибони ин боғҳо рафта бошанд чаро мардум меваашро намечинанд?
– Саидбек барин одамон чизи касро бе пурсиш намегиранд. Ин корро ба шаъни худ муносиб намедонанд, – гуфт Муҳаммадшариф. – Лекин одамони бешарм ҳам ҳастанд.
– Бешарм гуфта батракҳоро дар назар дорӣ?
– Батрак бинад, ки соҳиби боғ рафтааст, меваашро мечинад. – Муҳаммадшариф оҳи чуқур кашида афзуд: – Ҳангоме ки ҷавоб гирифта ба деҳаамон Коссонсой рафтам, падарам ба аламу ҳасрат гуфт, ки аз ҷабри инқилоби шумо деҳқону дастбакорҳо ба ҳар тараф баромада рафтанд.
– Падарро гӯй хафа нашавад, ҳоло боз тинҷӣ мешаваду ҳама баргашта меоянд, – гуфт Чернов ва дид, ки ду нафар сарбоз аз он сӯйи замини харбуза худро ба паноҳи қамишҳо гирифта, ҳам шуда тез-тез қадам мезананд.
– Майкапӯш Кузмин бошад?
– Бале, – гуфт Загорский. – Дигараш Саша Григорьев. Аз қади пасташ шинохтам.
Ба хотири Чернов омад, ки дирӯз ҳам ҳангоме ки дар дашти Маҳтобӣ Чернов “куртаҳоро пӯшед, ба мардуми ин ҷо тани луч гаштан хуш намеояд” гуфт, дигарҳо пӯшиданду Кузмин писанд накард.
– Пётр, ба бачаҳо фармо, ки минбаъд касе ба замини харбуза надарояд! – Фармуд Чернов.
– Рафиқ подполковник (Чернов рутбаи подполковникро баъди ҷанги Бухорою Бойсун гирифт), монед, бачаҳо як маротиба шикамсерӣ харбуза хӯранд.
– Ин ҷо каси харбузахӯр ҳам кам мондааст.
– Ба бозор бурда мефурӯшад харбузаашро, – Чернов нигоҳашро аз Кузмин намеканд ва дақиқае пас ҷониби Чилла илова кард: – Лозим шавад, худатон омада харбузаро нарх карда мегиред.
– Барояшон давлати шӯравӣ месозем, боз пул диҳем? – Давлат сухани Загорскийро тақвият дод.
– Худам ҳам ҳамин ниятро доштаму аз шумо пурсидан мехостам, – гуфт Чилла.
Ҳангоме ки онҳо назди сипанҷ омаданд, манзараеро диданд, ки ҳамаро ҳайратзадаю дилхун кард. Дар байни ёрраҳои зардшуда соҳиби полез Саидбек мурда мехобид. Ӯро парондаанд. Чеҳраи афрӯхтааш ҳоло пажмурда менамуд. Як тарафи куртааш аз хун суп-сурх шудааст. Хоки зардчаи таги пояш ҳам пури хун аст. Пойҳояш то зону луч ва лойи ҳар ҷо часпида хушк шуда мондааст. Занаш рӯймоли сафедашро болои пешониаш кашида назди мурда сари зону нишаста, шеван мекард. Духтараки паҳмоқмӯю писараш аз ду тараф доманаро дошта бо тарс гиря мекарданд. Он тарафтар ду мард, онҳо ҳам пойлуч, гиря мекарданд.
Муҳаммадшариф назди онҳо рафта пурсид: «Чӣ гап шуд? Кӣ ин одамро паронд?»
Марде, ки риши тунуки сиёҳ дорад, бо оби дида воқеаро нақл кард:

пешина
аз 613
навбатӣ