Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ин одам бародарам мешавад. Пас аз он ки шумо рафтед, ду саллотно ва ду харбузаи калони назди сипанҷро канданӣ мешаванд. Бародарам: “баччаҳо, дигарашро канед, инҳо ҳанӯз ширин нестанд, инҳоро барои тухмӣ мондаед”, мегӯяд. Байнашон тую ман мешаваду саллоте харбузаҳоро меканад. Бародарам белро гирифта ба сарашон метозад, ки яке таппончаашро бароварда мепарронад.

Чернов фаҳмид, ки ин кори Кузмин аст. Аз ғазаб дастонаш меларзанд. Ӯ дар майдони ҷанг бисёр мурдаҳоро дида буд. Лекин аз наздик шудан ба ҳар мурда метарсид. Ба фаҳму идрокаш намерафт, ки он деҳқони меҳнатӣ ва пурдил, Шодӣ, аз дасти сарбозаш кушта шуд. Қарор дод, ки рафта Кузминро мепарронад.

– Кори Кузмини ҳаромӣ! — гуфт Муҳаммадшариф. — Беҳуда худашро пинакорӣ намекард.

– Инҳо зану фарзандони ҳамин бетолез, афзуд бародари Саидбек бо овози ларзон. Инҳо бекас монданд.

Соате пеш ин зан ба эҳтироми шавҳар баҳри меҳмонҳояш палав пухта буд.
Ин кӯдакҳо дар атрофи падар шодӣ доштанд. Дигар он падар нест. Он зиндагии ширини беғам бебозгашт рафт.

Касе намедонист, чӣ гӯяду чӣ кунад. Ниҳоят Чернов овоз баровард:
– Хоҳар, мо ҳозир он аскарро ёфта, ба сазояш мерасонем. — Овозаш меларзид. Ва ба Чилла ишора кард, ки ба мард як миқдор пул диҳад.

Зан пул дароз кардани Чилларо дида бо ғазабу шеван гуфт:
– Саидшоҳ, нагиред пулашона! Се рӯз шуд, ки саллотҳояшон дастранҷи ин марда мехӯранду мебаранд. Ва ивазаш парондадаш! Иброҳимбеку аскаронаш омада мехӯрданд, Тугайу одамонаш ҳам мехӯрданд (Тугайсарӣ сардори дастаи босмачиҳо) ин корро накарданд! Инҳо нокасон... Пулашон сарашона хӯрад! Дарди мурдаи худашон равад.

Пул дар дасти Чилла монд.
– Чӣ рӯзе ба сарам омад! Инҳо чӣ зоғу зоғананд! Мардумро ба чӣ рӯз рӯсонданд! Иллоҳо ба рӯзи ман монанд! — Зан шеван мекард.

Саидшоҳ дар атрофи мурда ҷамъ омадани магасҳоро дида, рӯймоли миёнашро кушода рӯяшро пӯшонд ва ҷониби ҳамраҳаш чизеро гуфт. Шояд дар бораи таҷҳизи ҷаноза маслиҳат кард.

Зан ором намешуд.
– Фарзандҳома бе падар кардед! Зиндагима барбод додед! До-д! До-д! До-д аз дасти шумо! Аз дасти шумо на деҳ монду на одаму ободӣ!

– Тамошо карда шудем, – Муҳаммадшариф ҳи ба дард кашид. Ва ишора ба рафтан кард.

Чернов пулро аз дасти Чилла гирифта, ба бародари мурда дода гуфт:
– Баъдтар пули харбузаро, ки сарбозҳо дирӯзу имрӯз хӯрдаанд, ба шумо мерасонем, сарбози қотил зинда нахоҳад монд! – ва пас гашт. Раҳораҳ овози занро шунид, ки ба нола мегуфт: “Кош ҳамин замину харбузаҳояш намешуданд, рӯйи шумо кафторҳоро намедидам! Кош мо ҳам ба қатори дигарон аз ин замини балозада мерафтем!”

Касе сухан намекунад. Ҳама сарҳам қадам мезананд.

пешина
аз 613
навбатӣ