Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Як ҳафта пеш як даста, тахмин ҳаштод нафар як маротиба омаданд. Ле-кин бетартибӣ накарданд. Си дона харбузаи пухтагиро ҷудо карда гирифтанду гуфтанд, ки пазад, боз меоем.
– Ҳамон дастаи дирӯза аст, -гуфт Муҳммадшариф ҷониби Чернов.
– Харбузаро ба бозор ҳам мебаред?-пурсид Давлат.
– Солҳои пеш аз Кӯлобу Балҷувон омада, савдо карда мебурданд. Аз афташ, одам ҳам намонд, ки имсол касе намеояд.
Ин дам писарак тохта омада дасташро дар китфи падар ниҳоду нигоҳаш ҷониби меҳмонҳо хабар дод:
– Очам мегӯянд, ки додота гӯй, зуд биён.
Саидбек хеста рафту лаҳзае пас дар қаробой чой оварда гуфт:
– Занам фармуд, ки нагузоред меҳмонҳо хезанд, биринҷи палавро андохтааст.
– Мо то пагоҳ ҳамин чоем,- Муҳммадшариф ханда кард ва ҷониби Саидбек афзуд:- Зирбак тайёр будааст-дия.
– Аз афташ тайёр будааст. Беҳуда намегӯянд, ки ризқи меҳмон пеш аз ху-даш меояд.
– Ин замин ҳама аз они худатон?-пурсид Загорский.
– Ҳамааш аз они худам, боз як замини ҳаштсотиха дорам, дар вай гандум коридам.
– Оҳ-о, шумо ҳам бой будаед-ку,- гуфт Муҳммадшариф.-Аз афташ мо шуморо ба рӯйхати бойҳо ҳамроҳ мекунем.
– Ҳамаро бой кардаю дар зиндонҳо кунед, кӣ харбуза мекорад, ки қӯшунатон ду рӯз нӯши ҷон кунад,-гуфт Саидбек нимшухию нимҷидди карда.- Кори харбуза осон нест. Аз дасти батракҳои мо ин корҳо намеояд. Мо онҳоро “те хураму зан мурам” меномем.
Муҳммадшарифро ханда гирифт. Оби чашмонашро пок карда гуфт:
– Дар ҷои мо баъзе батракҳоро “лус” мемонанд.
То меҳмонҳо палав хӯрда хестанд, ки мизбон панҷ харбуза оварда, “инҳоро тӯшаи роҳ мекунед”, гуфт.
Чернов Чилларо нихта кард.
– Пули харбузаро додан лозим.
Чилла пул дароз карда буд, ки Саидбек дасташро дошта гуфт:
– Дар ҷои мо аз меҳмон пул намегиранд, айб аст.
– Шахси назарбаланд касро хурсанд мекунад,-гуфт Чилла бо меҳрубонӣ.-Мо то заминҳои домани кӯҳ тамошо меравем, дар бозгашт харбузаҳоро мегирем.
Ба роҳ ки баромаданд, Чернов аспи Загорскийро оҳиста қамчин зада гуфт:
– Пётр, обу зироати ҳамин деҳқонро дидаму як фикр ба сарам омад. Балки ин фикр кайҳо дар сарам чарх мезад. Дар байни мардуми Осиёи Миёна асосан ҳамин деҳқони заминдор одамони озода, дилкушод ва сахиянд. Номусу нангу рӯи сурхи миллаташон ҳаминҳоянд. Муллою подшоҳу вазирони носераму дигар мансабдорони зиёдру ҳаминҳо мехӯронанд.
– Пас чаро...
– Ҳоло ист. Батракҳое, ки мо ҷонибдориш мекунем, гадотаъбу лаванду беғайратанд. Мисли деҳқон биёю раву одамгариро намедонанД. Дониш як тараф,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор