Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

кард, ки аксари заминҳои атроф кишт нашудаанд, онҳоро алафи бегона зер кардааст, ҷое қамишзор шудааст. Дар баъзе қитъаҳо алафи юнучқа баланд шуда, аз беобӣ баргу гулаш рехтаю чӯб шудааст. Гандум ҳам баланд хестааст. Лекин чорво даромада поймолу бенур кардааст. Полези харбуза дар он сӯйи чӯйбори калон дар домани кӯҳ аст. Дар ду тарафи чӯйбор қади одам най хестааст. Сарбозон ҳоло ҳам он ҷо равуо карда дар даст харбуза ё тарбуз гурӯҳ-гурӯҳ меоянд. Онҳо аз пайраҳаи байни заминҳо гузашта ба домани замини харбуза омаданд, ки аз як гектар зиёд аст. Дар ду қитъаи аввал фақат харбузаҳои майдаву хом мондааст. Аммо дар қитъаи назди сипанҷ тарбузу харбуза зиёд аст. Он ҷо марде байни полези харбуза ҳишова мекунад. Давлат наздаш рафта чизе гуфт, ки мард рӯймоли сарашро ба тартиб дароварда, омада бо қатъият ҷониби Чернов нигариста гуфт:

  • Меҳмонҳо, фуроед, аз харбузаи ман даҳон ширин кунед, пас гузашта меравед. - Ва миёнбандашро кушода, чеҳраи арақолуд ва афрӯхтаашро пок кард, ба он сӯи каппа ишора карда афзуд: - Марҳамат кунед, он ҷо ҷойи нишаст ҳаст. - Мард куртаи карбосии рангпаридаи дарозимаш то зону дорад, пойҳояш луч ва лойолуданд.
    Меҳмонҳо ба ҳам нигариста розӣ шуданд ва аспҳоро баста, ба суфа баромаданд. Аз ду канори суфа об ҷорӣ аст. Дар атроф сабзаю пудина фаровон. Аз тарафи чап найзор суфаро печондааст. Ҷониби қибла кушода, дашти зардранг ва кӯҳҳои сиёҳи Боботоғ намоён.
  • Оҳ-о! Ин ҷо ҷаннат будааст! - нидо кард Муҳаммадшариф ва ҷониби Чернов нигаристу афзуд: - Александр Николаевич, хоҳед, шаб ин ҷо хоб мекунем.
    Мард пӯстакҳои ҷамъкардаро дар атрофи суфа партофт. Ба байни замин рафта ду харбуза канда овард. Писараки тахмин чорсола ва духтарчаи баландтари паҳмоқмӯй нону дастархон бардошта омаданд. Яқин модарашон дид, ки меҳмон омад, онҳоро фиристод.
  • Эраҷ, ҷой ҳам биёред, зуд равед! - мард ҷониби писарак, ки домани апаашро дошта нигоҳаш ҷониби меҳмонҳо буд, муроҷиат кард.
    Кӯдакон пас гашта баланд хандида рафтанд.
  • Акаи Саидбек, харбузаҳоятон аз асал ҳам ширинтар, - гуфт Давлат. - Сирри шириниашонро гӯёд, вагарна мо ба зудӣ аз ин ҷо намеравем.
  • Меҳмон як рӯз меҳмонӣ дорад, пас хира мешавад, - Саидбек хандид. - Харбузаро дар замини нав коред. Муҳим, ғизо диҳед, мудом бехашро нарм карда истед, обашро дар вақташ расонед, он вақт харбуза ширин мешавад. Ман пас аз баромадани ситораи Парвин ба харбуза об мемонам. Офтоб, ки ба замин расид, обро мебандам.
  • Агар рӯзона об диҳед, чӣ мешавад?
  • Ёрра аз шуҷоат мемонад. Ёрраи касал ҳосили хуб намедиҳад.
  • Чаро ба сарбозҳои мо дастранчатонро бепул медиҳед? Чаро онҳоро пеш намекунед? - пурсид Чернов. Ба ӯ бе истиҳола сухан кардани Саидбек маъқул шуд.
  • Онҳо наган доранд, - Саидбек табассум кард, пас ҷиддӣ шуда, бо оҳанги дӯстона афзуд: - Харбузаи мо насибашон карда будааст, ош шавад.
  • Босмачиҳо ҳам меоянд? - пурсид Загорский.
пешина
аз 613
навбатӣ