Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Баъдтар Мансур аз Давлатманд пурсид:

  • Дастаҳои Фузайлу Махсуму эшони Султон меоянд?
  • Даракашон нашуд. Барои ҳамин Анварпошо ошуфта аст, - гуфт Давлатманд ва ҷониби ҷавони паҳлӯяш мерафта афзуд: - Гадобой, пагоҳ, баъди ид, ҳамроҳи Рустам ба Дарвоз меравӣ ва эшони Султонро пеш-пеш карда меорӣ. - Пас, ҷониби Мансур афзуд: - Гадобой аз Чоиёби Афғонистон аст. Ду сол шуд ҳамроҳем. Гоҳе ӯ барои ман чилавдорӣ мекунаду гоҳе ман барои ӯ ва ба завқ хандид.

Бригадаи Чернов интизори ротаи 3-ум дар соҳили дарёи Сурхоб дар мавзее, ки Яккабед мегуфтанд, дар сояи чинорҳо манзил гирифт. Аз ҳамин ҷо бояд ҳамроҳи бригадаи 16-ум якҷоя ба Балҷувон рафта, Анварпошоро ба ҳалқа гиранд.

Ротаи 3-ум, ротаи Загорский баъд аз фоҷиаи соате пештар рӯй дода ба деҳаи Қулобод, ки дар баромади Сангтуда қарор дорад, расидаанд ва он ҷо фаҳмиданд, ки дастаи Дониёр ду рӯз пеш шабро он ҷо гузаронидааст. Аз аламе, ки онҳоро ҷой додаанд, дар чорроҳаи байни деҳа нуҳ марди вохӯрдаашро шамшербур карданд. Ба гуфтаи худашон деҳаро тохтанд. Ҳангоме ки озими роҳ шудаанд, ду мард ба Чернов хабар овардаанд, ки чанд нафар сарбозонаш ба хонае даромада ба зане, ки ҳафтае пеш арӯс шудааст, дасти зӯрӣ кардаанд. Баъде, ки онҳо мераванд, зан болои пул рафта худро ба ҷӯши дарёи Сурхоб партофтааст. Одамони дар атроф пинҳон буда, дидаанд, ки худро партофтааст.

  • Чанд нафар будаанд сарбозҳо? - пурсид Чернов.
  • Гӯё ҳафт нафар будаанд.

Чернов дастаро қатор карда аз омадаҳо пурсид, ки мешиносанд, он сарбозҳоро?

  • Не, намешиносанд.
    Худаш ҳам пурсӯҷу кард, ба касе гумонбар нашуд.
    Ба омадаҳо ваъда кард, ки албатта он нобакоронро ёфта ҷазои сазовор хоҳад дод. Ваъда кард, ки онҳоро мепаронад. Вале баъдҳо хеле пурсӯҷу карда бошад ҳам, касеро қоил карда натавонист.

Ротаи 3-ум ҳангоми торики фуромадан ба Яккабед ба назди рафиқон расид. Пагоҳӣ аз хоб хеста дар назди дастаҳо тӯдаи харбузаю тарбузро диданд. Маълум мешавад ки полези харбуза ёфтаанд. Вале табъи Чернов хира буд. Дар фоҷиаи дашти Маҳтобӣ худро гунаҳгор медонист. Мегуфт, ки сабаби марги ҷанговарон бемасъулиятию беандешагии худаш шуд. Бояд пеш аз рота гурӯҳи иқтишофӣ равона мекард. Низомномаи сафарро риоя накард. Одам чӣ қадаре дониш андӯзаду таҷриба гирад ҳам, аз хатою ғалат эмин набудааст.

Онҳо тамоми рӯз бригадаи 16-умро интизор шуданд у аз онҳо дарак нашуд. Лекин тарбузи ширин хастагиашонро баровард. Ҳавои ин ҷо салқин аст. Насими дарё хастагиро мешиканаду тану ҷонат роҳат мекунад.

Бегоҳӣ Чернову Загорский бо пешниҳоди Давлат ба тамошои атроф рафтанд. Муҳаммадшарифу Чилларо низ ҳамроҳ гирифтанд. Чернов раҳораҳ мушоҳида

пешина
аз 613
навбатӣ