Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

нӯҳ моҳ шуд. Понздаҳ сол шуд, ки бо Анварпошо якҷоем. Дар ҷанги Балкану Юнон ва ҷанги русҳо якҷо будем. Аммо бесарусомонӣ ва бероҳиеро, ки дар кишвари шумост, дар ҷойе надидем. Дар ҳолати ҷанг аз сухани сарҳанг баромадан мумкин нест. Аммо чунин қонун ин ҷо риоя намешавад. Мафҳуми ватану миллат ва оянда чӣ мешавад ин ҷо маънӣ надорад. Мисли галаи аспанд, ки аз ишораҳои айғирашон берун намебароянд.

  • Ин ҷо ғайр аз ҳарфи мулло дигар гуфтаҳоро берун аз шариат дониста, қабул намекунанд ва ҷиддӣ ҳам намегиранд,- гуфт Мансур ва пурсид: - Бо Юнон ҳам ҷанг доштам?
  • Бо Юнон ҳам ҷанг доштем, бо ҳамаи давлатҳои Урупо ҷанг доштем. Онҳо Туркияи моро дар муҳосира гирифтанд. Вале ҷавонтуркон пеш-пеш ба майдон баромаданд, халқамон қаҳрамонон нишон дода ватанро муҳофизат карданд. - Фаррухбой ба рӯи Мансур синчакорона нигариста илова кард: - Аз ҷанги Юнон ҳафт сол гузашт. Асосан он ғалабаро қӯшуни Анварпошо кард. Дар дигар ҷабҳаҳо ақибнишинӣ мекарданд, дар ҷабҳаи Анварпошо ғалаба болои ғалаба буд... Лекин дар ҷанги ҷаҳонӣ шарики Олмон шудему дар охир шикаст хӯрдем...
    Ин дам сафҳои тарафи рост паси ҳам хеста, ҷониби аспҳояшон рафтанд. Дигарон низ паси онҳо хестанд.
    Анварпошо дигар сухан накард. Ҳамчунон дар гӯшае бепарво меистод. Аз афташ фаҳмид, ки ин ҷо будан дигар маънӣ надорад. Дар фикри оянда шуд. Аз ҳама пас туркҳо ва Давлатманд ба аспҳо савор шуданд. Шамоле, ки аз теға меомад, партови пасмондаҳоро аз байни алафу буттаҳои зардшуда рӯфта аз пас мебурд. Чорӯби осмон заминро тоза мекард.
    Давлатманд ҳамрикоби Анварпошо шуда бо оҳанги дилбардорӣ гуфт:
  • Мо ин ҷо истода наметавонем. Агар истем, мегӯянд, ки тарсида пеш наомаданд. Ба деҳа меравем, он тараф маълум мешавад. - Каме рафтанду афзуд: - Мулло ҳамроҳи мо ҳам дар Бухоро хондагӣ.
  • Маълум, - Анварпошо ба зӯрӣ лабханд кард: - Русҳо барои ҳамин Бухороро тикқаю пора карданд, ки минбаъд ингуна одамони пастниҳод рафта нахонанд ва ба кори нек халал нарасонанд.
    Давлатманд медонист, ки Анварпошо агар суханаш нагузарад, сахт дилмонда мешавад, бо оҳанги узрхоҳӣ гуфт:
  • Анварҷон, фалоната ғам набошад. Корамон пеш нарарад, як муддат ба кӯҳ меравем. Кӯҳҳои мо ҷойҳое доранд, ки паранда роҳ намеёбад, чӣ расад ба урус.
    Муддате хомӯш роҳ рафтанд. Давлатманд пай бурд, ки Анварпошо ба суханаш эътибор надод. Дар сараш фикрҳояш равуо доранд.
    Баландиеро фуромадану Анварпошо лаҷоми аспро кашида гуфт:
  • Давлатманд, бароят ду сухани зарур мегӯям. Ба деҳа, ки расидем, аз паси иду арафа нагарду, зану фарзандҳоятро зуд ба дигар ҷой фирист. Дигар ин ки назди Ашӯри кӯлобӣ (Ашӯр семизи беки Кӯлоб) одам мон, ки ба мо қувва фиристад, то мо якҷо шуда, пеши русҳо дорем. Ё роҳе ёфта моро аз Сайхун гузаронад.
  • Худ шудааст, - гуфт Давлатманд. - Ин кор тани ман. Абдуқодири хешаш дар қатори сарбозон аст. Ӯро мефиристам.
пешина
аз 613
навбатӣ