Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Воҳ! Ҷонат сӯзад! Дар хонаи кас чӣ гуна зиндагӣ мекунад? Барои ҳамин кофир мегуфтаанд.
– Хонаро гирифтанашон як тараф, таҳқир карданаш аламовар гуфт Мансур. Фикр кард, ки инҳо ин ҷо зиёд меистанд. Бо чунин ният омадаанд...
Бибигул чашмони ашкдорашро ба самте гардонд. Аз озору алам тамоми баданаш меларзид. Дақиқае пас бо ғазаб пурсид:
– Акнун чӣ кор мекунед? Куҷо меравед?
Мансур ҷавоб надод.
– Ё дар ҳамин хирсхонаатон мешинед? – Бибигул ором намешуд:
– Шистан мегирем, дигар чӣ кор мекунем? – гуфт Мансур ба зарда. – Ба сарам тапончамонии кофир кам буд, ки акнун ту пӯписаро сар кардӣ? – Ӯ хеста ба ҳавлӣ баромад, ба дарахтони навшинондаи поёни ҳавлӣ, ки нав пунба кардаанд, нигарист: фикр кард, ки дирӯз, баъде ки ғуладинг аз ҳавлиаш бароварда пешаш кард, гӯё дар сараш ба оҳон зада буданд, муддате гаранг --гаранг гашту тарафи бегоҳ ба кӯчаи Азими Хоразмӣ тоб хӯрда, сӯйи шӯъбаи бонки русӣ-осиёӣ, ки баъзан бонки Рубен-чуҳудаш мегуфтанд, рафт. Он ҷо қадре пул дошт. Мехост дар ин рӯзҳо, ки зарур афтодааст, боқимондаашро гирад. Соли гузашта сад рубил гирифта Тошканд рафта буд. Ҳамон вақт Рубенро ёфта пурсида буд, ки агар зарур монад, ё кори тиҷорат пеш гирад, бонк ба ӯ қарз дода метавонад?
– Шумо ба пила сару кор доред? – пурсид яҳудӣ.
– Не, пилапарвар нестам.
– Мо ба касоне, ки пила парвариш мекунанд ё замини пахта доранд, қарз медиҳем то ки онҳоро ҳавасманд гардонем. Ба Русия чунин молҳо зарур.
Ҳамзамон Мансур дид, ки дар паҳлӯи бонк анбори деворҳояш баландесту онҷо тойҳои пахта, куттиҳои чой, халта-халта пила таҳ задагӣ. Одамони бисёре онҷо даробаро мекарданд. Баъзеҳо чой ё равған ҳамроҳ мебурданд. Ҳоло ӯ наздик шуду дид, ки дари бонк маҳкаму рӯйи саҳнаш ҳар тоифа одамон гурӯҳ-гурӯҳ давра истода баҳс доранд. Он тараф дар таги беди сершохе як гурӯҳ занҳо ҳам хастанд. Баъзе сарандоз, баъзе фаранҷӣ доранд. Баъзеҳо дар рӯйи замин нишастаанд, нигоҳашон ошуфта ва очизона. Вақте Мансур пурсид, ки чаро дари бонк бастааст, онҳо ба ҳолаш хандиданд.
– Эй марди Худо, шаш моҳ зиёд шуд, ки ин бонк кор намекунад, – гуфт марди шикамкалони кулоҳдор ва ба рӯйи Мансур зеҳн монда пурсид: – Пулатон бисёр буд?
Ин яҳудии миллионерро Мансур дар ду-се давра дида буд. Мегуфтанд, ки заводи чармбарории Самаркандро сохтааст. Дар паси яҳудӣ ҷавони танадори мӯи сар то гӯшҳояш фаромада меистод.
– Се сол пеш понсад рубли русӣ монда будам, – гуфт Мансур ва содалавҳона пурсид: – Одамони бонк дар куҷо?
– Дар куҷо? – кулоҳдор қақарос зада хандид. Банди дилии сермӯяшро ситезмандона хорида афзуд. – Ба осмон баромаданд, ба замин даромаданд, ба зиндон бурданд, касе намедонад! Аммо ин биною қуфлу калидаш дар дасти болшевиқҳо будааст.
Дили Мансур ба гурдааш рафта часпид. Фаҳмид, ки пулашро нест кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё