Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Хона ёфт мешудааст! — тоқат накард Бибигул. — Ба вайи ҳабата осон! Хонаи худашро мегирифтанд, чунин маҳмаддоной намекард. Мардҳошонро ёфтад, онҳо чӣ гуфтанд?

Мансур пиёлаи чойи хунукшударо дуртар монда гуфт:

– Саҳарӣ рафтам, аввал дарро накушоданд. Хеле пас боз дарро задам. Марди ғуладинге баромад, сари тосаш луч. Нигоҳи чашмонаш чунон бад, мисле ки ду мор сӯят менигарад. Дидаму дилам сиёҳ шуд. Маълум, ки нав аз хоб хестааст. Хилми чашмонаш овезон. Аз бӯйи даҳонаш дилат беҳузур мешавад. Наздик шуда ба рӯям нигаристу аз бағалкисааш туфангча гирифта рӯбарӯям дошта, пӯписа кард:

– Это ты, Мансур? Ты где был, контра?! Куда убежал?! Выкладывай, сволоч! Дидам ки нияти парондан дорад, нимрусию нимтоҷикӣ карда гуфтастам:

– От кулаков убежал. Спасибо вам, ки омадеду ин қулоқҳоро аз сари мо дафъ кардед.

Мисле ки суст шуд. Вале боз ғазаб кард:

– Я спрашиваю, куда отвёз вещи? Где спрятал? Выкладывай!

«Фикри бисёре чун мушт ба сарам бармехӯрд. Наход хонаро гирад? Наход маро дигар ба хонаи падарӣ роҳ надиҳад? Наход бачаҳоям дигар дар ин роҳравҳо давутоз накунанд?»

Бибигул лабашро тағи дандон карда, худро медошт.

Мансур гунаҳкорона ба рӯи занаш нигоҳе андохту ба суханаш идома дод:

– Вещи ҳама дар ҷояш, гуфтам. Ду гилему ду пӯстак бурдам, дигар ҳар чизе доштам, дар хона буд. Дирӯз дари хонаи чиздорро шикаста дидам. Шояд дуздидаанд.

Боз ба сарам дод зад:

– В этом доме никакой Мансур, никогда не был, и не жил! Понял?

– Ин ҷо то қиёмат намешинед-ку, — гуфтам ба тариқи маслиҳат. — Вақте ки рафтед, донед ки ин хонаи ман аст. Ҳамсояҳо медонанд.

– Никогда не уйду! Знай! и дети мои здесь будут жить, понял? Если ещё раз сюда явишься, застрелю как собаку!5 -Ва туфангашро пушти сарам монда ҷониби дар тела кард.

– Монед ҳамон гапҳои бидир-бидири газетаатона!-Бибигул ба ғазаб ба рӯи шавҳараш нигарист.- Гуфтаҳояш чӣ маъно доранд? Хонаро медиҳанд?

– Маънояш ин ки ту душманӣ, аз ин диёр баромада рав! Дар ин хона баъди ман фарзандону набераҳоям зиндагӣ хоҳанд кард. Агар бори дигар ин ҷо бинам, мисли саг мепарронамат!

  1. Мансур ту ҳасти?! Ту то ҳол дар куҷо будӣ контра?! Куҷо гурехти?! Гап зан палид!
  2. Аз бойҳо гурехтам.
  3. Аз ту мепурсам, асбобу анчомҳоро куҷо бурдӣ?! Дар куҷо руст кардӣ?! Гап зан!
  4. Дар ин хона ҳеҷ гоҳ Мансуре набуд зиндагӣ ҳам накардааст, фаҳмид?!
  5. Ҳеҷ гоҳ намеравам! Ба гӯшат гир! Фарзандонам ин ҷо зиндагӣ хоҳанд кард, фаҳмид?!
пешина
аз 613
навбатӣ