Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

– Аз дур мушоҳида кунам, ҳавлӣ одам дорад. Аз дарвоза даромадам, ки аз хонаи падарам як зани руснусха баромад. Ба ӯ гуфтам, ки номам Мансур, соҳиби хона ҳастам. Ӯ ба нармӣ гуфт, ки суханатон бошад, ба шавҳарам гӯед.
Агар пагоҳӣ барвақт биёед, ӯро меёбед.

Ин дам аз хонаи хоби худамон зани фарбеҳ ва рӯяш рангубор карда, дар китф шинел овезон, ба шитобу ситезамандӣ омада, ба сарам нимтуркию нимрусӣ чанҷол бардошт: «Мо Мансурро намешиносем! Ин чӣ бетартибӣ, бемаданиятӣ!
Ин ҷо корвонсарой аст, ки ҳар роҳгузар медарояд?!» «Хоҳар, ман роҳгузар нестам. Ин хонаи ман,» — гуфтаму дар бало мондам. «Ман хоҳари касе нестам! Зуд аз ин ҷо бароед!», — гуфта, дӯғ зад. — Ин хонаи ҳукумати Шӯрост! На хонаи кимкадом муфтхӯру муштамзӯр. Ҳозир мефароям шуморо таҳқиқ кунанд!» Вай зан бошад, натавонӣ, ки ба ӯ даст расонӣ. Дандон ба дандон монда, берун шудам.

– Вақте хона бесоҳиб аст... — Бибигул ҳиқ-ҳиқ гиря кард. — Мешавад, ки худам рафта, бо он занҳо гап занам...

Мансур саволи занашро бе ҷавоб монд, нигоҳашро ба замин дӯхта, ба суханаш идома дод:

– Дар беруни дар чӣ қадар истодам, намедонам. Яке бинам, Абдурашид дар рӯбарӯям истодааст. Вай гуфт, ин кофирҳо ду ҳафта зиёд шуд, ки ин ҷо нишастаанд. Аз маҳаллаи худамон қариб бист хонаро соҳибӣ кардаанд. Чанд нафар бойҳоро душман карда бурда мепаронданд. Аз гузари худамон Муллошариф, Ҳокимбойи соҳиби бозори Сиёб, Ҳамдами чарма парондаанд. Боз чандеро зиндон кардаанд. Салими заводи равғандошта гурехтааст.

– Вах! Он бечораҳо чӣ айб доштанд, ки паррондаанд? Чӣ қадар одамдӯст буданд. Ободию баракати гузарамон ҳамонҳо буданд. Масҷид пӯшиданд, чойхона карданд...

Мансур дар оҳанги сухани занаш тарсу ҳис карда далертар шуда гуфт:

– Дар шаҳр одами баракат дошта намонд. Аз Абдурашид пурсидам, ки кистанд инҳо? Нагуфтед, ки ин хона одам дорад!» Абдурашид гуфт: «Кӣ мешуд?
Одамони аскари сурх. Дар ҳамон рӯзи аввал ба як мардашон гуфтам, ки ин хона одам дорад. Тарафам чашм ало карда гуфт, ки туя қорат набошад!» Ба инҳо сухани зиёд гуфтан намешавад. Пас хонааш даромадему зиёд нинишистам. Хоҳай ҳоҷӣ Неъмат рафтам. Хостам бинам, ки тақдири вай чӣ гуна шудааст. Духтаре дар сар ҷодар дарвозаро кушод, маро дида ҷодарро яктарафа кард; дар сараш тоқии зардузӣ. Лекин рангаш зард шудаю чашмонаш чунон маҳзунанд, ки аз диданашон дармемонӣ. Гуфт, ки шумо соли гузашта ҳамроҳи падарам омада будед. Падарҷонам модараму додаронамро гирифта ҷониби Бухоро рафтанд.
«Шумо бо кӣ ин ҷо мондед?» пурсидам: «Падарам маро ба хизматгори хонаамон никоҳ карда дода, замона тинҷ шавад, меоем, гуфта рафтанд», афзуд духтар ва оби дидааш равон шуд. Фаҳмидам, ки ин кори Ҳоҷӣ барои аз даст нарафтани хона аст. Духтарро маҷбур ба хизматгор додааст.«Падаратон албатта меоянд.
Ин бесарусомонӣ зиёд давом намекунад» гуфта, ӯро дилбардорӣ кардам. Аз он ҷо ба хонаи язнаат Зубайд рафтам. Вай гуфт, ки ин ҷо набуданатон хуб шуд.
Шумо дар рӯйхати бойҳо ҳастед. Мебудед, дигарҳо барин ё сари тир мешудед,

пешина
аз 613
навбатӣ