Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
омад, ки боре тобистон Маҳина ҳамроҳи модараш ба хонаи Самарқандашон омаду ҳарду лаби ҷӯйборе, ки аз байни замини онҳою ҳамсоя мегузарад, бозӣ карданд. Куртаҳояшон дароз буду эзор надоштанд. Охири бозиҳояшон ба рӯканию занозанӣ анҷомиду Маҳина бо сару куртаи хоколуд гирякунон назди модараш рафт.
Ҷовид сарашро аз болишт бардошт, то ки сӯҳбатро хубтар шунавад. Аммо падар, «вақти намоз нагузарад» гуфта хест ва афзуд: -Оҷаш, ман имрӯз шаҳр меравам. Мегӯянд, ки дар шаҳр русҳо бойҳоро гирудор доштаанд.
– Монед, ошӯбашон гузарад, пас меравед. -Модар ҷойнамози падарро партофт ва пурсид.-Вақти аз Хӯқанд омадан хонаҳоро хабар гирифтед?
– Хабар гирифтам, - гуфт Мансур нимгурма. Ӯ ба хонаҳо даромада дида буд. Ҳамаро чанг зер кардааст. Мушҳо дар ҳавлӣ мегаштанд. Дилаш ганда шуд. Дару девор гӯё бо таъна ба ӯ менигаристанд. Тоқати зиёд истодан накарда берун шуд. Аз ин боб лаб накушода, гапро ба дигар сӯ бурд: - Агар тавонам, биринҷи тӯйро меорам.
Мансур баъди ду рӯз аз шаҳр мисли каси бемор омад. Бибигул баробари ӯро дидан пай бурд, ки фалокате рух додааст. Дар бисту ду соли ҳамзистиашон аввалин маротиба дид, ки он рӯшание, ки мудом чун чароғ дар чехрааш буд, нопадид гаштааст. Ӯ ҳеҷ гоҳ чунин афсурдаю андӯҳгин надида буд. Ба дилаш омад, ки шояд боз русҳо аз паяш афтодаанд? Ӯ сабр кардаю дастархон густурда чой рехт ва бо мулоиматӣ пурсид:
– Худатон тинҷ ҳастед? Омада зуд дароз кашидед?
Мансур нимхез шуду бо дили нохоҳам пиёлаи чойро гирифт.
– Аз шаҳр чӣ хабарҳо овардед? – Бибигул ба шавҳараш зеҳн монд.
Мансурро номи шаҳрро шунида хашмгин шуд ва нигоҳашро гурезонд. «Бале, фалокате рӯй додааст. Аспаш ҳаст. Танаш сиҳат...Чӣ гап шуда бошад? Инҳо як зоти дамдузданд, ки мемуранду сирашона ба кас намегӯянд!» Бибигул хавотир шуда, бо ситезмандӣ гуфт:
– Мепурсам, ҷавоб намедиҳед. Тинҷ омадед?
– Дар шаҳр қиёмат. – Мансур пиёлаи чойи дасташро нанӯшида ба замин ниҳод, кӯшиш кард, ки худро ором дорад. – Мардум дар гурезогурез. Бойҳоро дошта зиндон мекунанд. Хонаҳояшонро мегиранд. Хонаи моро ҳам соҳибӣ кардаанд...
Ӯ ин суханро гуфту бори чандум буд аз дилаш гузашт, ки болшевикон медонанд, ки ҳукумат дар пасашон ҳаст, ба дилпурӣ ҳамаи корро мекунанд. Ва ин бедодию гирумонашон ба наздикӣ хотима намеёбад.
– Хонаи моро кӣ мегирифтааст? – Чашмони Бибигул калон кушода шуданд. – Чӣ гуфта мегирифтааст?
Мансур сар бардошта ба занаш нигарист. Дилаш ба ҳоли зан сӯхт. Биби он хонаро нағз медид. Ҳар вақте, ки ягон ҷояшро таъмир кунад, ӯ ҳам остин барзадаю баробараш кор мекард. Ҳар пагоҳӣ ҳавлиро рӯфта оина барин мекард. Кас дида ҳаловат мебурд... Изтироби дилашро шинонда дастархонро қатъ карда дур монд ва ба сухан даромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё