Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ман ҳам онҳоро задам! Ё ту кӯр будӣ! — Баҳодур озмоишкорона ба бародараш зеҳн монда, нарм илова кард: — Ба падарам нагӯй. Вагарна хавотир шуда, маро аз ҷовандозӣ маҳрум мекунанд.

— Вақти аспро об додан маро савор мекунӣ? — Ҷовид дилашро кушод.
— Бегоҳӣ наметавонам, пагоҳӣ аз хоб тез хезӣ, савор мекунам.
— Пагоҳӣ даркор не, ҳозир савор кун! — Ҷовид ақиб рафта ба бели назди дар бархӯрда қариб меафтид, вале худро дошта, ба ситез илова кард: — Ҳозир савор накунӣ, ба падарам мегӯям.

Баҳодур ҷодуро партофта ба сараш давид, ки Ҷовид зуд худро ба ҳавлӣ гирифта ҷониби модар ба шаттоҳӣ гузашт:
— Баҳодуратон ҳар рӯз аз назди хонаи Меҳрубон аспсавор мегузараду боз маро мезанад!

— Ба Меҳрубон кори ту чӣ?! – Модар аз гӯши Ҷовид сахт кашида хона даровард: — Агар боз фаҳмам, ки номи духтари мардума ба забон гирифтӣ, забоната мебурам!

Ҷовид дами субҳ аз овози модар бедор шуда дид, ки онҳо ҳамроҳи падар чой менӯшанд. Ба қавли худашон, онҳо дар атрофи як пиёла чойи пагоҳӣ сӯҳбати рӯзонаашонро карда мегиранд.

— Духтари Мирзоумеда банд кардед, тӯйро ҳам фикр мекунед? — мегуфт модар.
— Дирӯз, ҳангоме ки аз масҷид баргаштем, ба Мирзоумед нӯги гапро кушодам. Гуфт, ки насиб бошад, баҳоррӯя тӯй мекунем. То он вақт ҷиҳоз тайёр мекардааст.

— Ҷиҳоз гуфтеду ба хотирам омад, дирӯз аз савдогаре ду либосворӣ гирифта, ба ният ба сандуқи Баҳодур мондам. Муҳаббати онҳоро бинам, дили худам ҳам қувват мегирад. Ҳар гоҳе Баҳодур кӯча барояд, духтар ҳам лаби бом намоён мешавад. Лекин бечораҳо фақат ба нигоҳ гуфтӯгӯ мекунанд.

— Насиб бошад, тӯйашон ки кардем, пас таги тор се-чор моҳ маҳкам кун,
хуб дил холӣ кунанд, — гуфт падар ва ба тариқи маслиҳат пурсид: — Пештар гуфтӣ,
кадоме ба духтар даҳон андохтааст, кӣ будааст?

— Ҷавоне, номаш Ҷаббор. Ба холаи Гулмоҳ хешӣ доштааст.
— Ҳамон Ҷаббори хонааш дар гузари Таги Санг бошад? Ба гандумдарав омада буд. Пештар «кор бошад, фармоед», мегуфт. Баъд пояшро кашид.
— Аз афташ ҳамон, ба холаи Гулмоҳ арз кардааст, ки Меҳрубонро аввал мо даҳон андохтему чаро ин омадаҳо аз пеши мо баромаданд?

— Духтарро сад гӯяндаю як гиранда. Худатро ҳам ними Самарқанд гиранда буд.

— Нимаш не, ҳамаи шаҳр гиранда буд.—Модар ба завқ хандид ва оҳанги суханашро дигар кард:—Хоҳарам Суман мехоҳад духтарашро ба Баҳодур диҳад...
— Мон... Бо шавҳари ҳавай ман ҳеҷ напапухтам.
— Шумо як гапро ки дил гирифтед, дошта мегардед. Ба шавҳараш кори мо чӣ? Шаҳр равем мегӯям, ки «хоҳар, дар насибаашон набудааст.»
— Гӯй, ки хурдиро барои Ҷовиди мо тайёр кунад, Маҳинаро.
Дили Ҷовидро ҳиссиёти латифе, ки то ҳол ба ӯ шинос набуд, фаро гирифт.
Дар ин лаҳза Маҳина ба назараш маҳбубу маҳрамтарин кас менамуд. Ба хотирам

пешина
аз 613
навбатӣ