Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ман ғуломдориро надидааму намедонам. Касеро, ки кор фармудам, аз рӯйи сухани Расули акрам, ки «музди коргарро пеш аз хушк шудани арақаш адо кунед», гуфтаанд, рафтор мекардам.
– Онҳо асосан ба касоне, ки дар хонаҳошон саису ғулом доштанд, зид буданд, ба мо баринҳо не.
– Пеш озодию ободӣ мекунем, мегуфтанд. Дӯғу пӯписа намекарданд.
– Ин суханҳо то ҳарашон аз лой гузаштан будааст. Ҳоло шаҳрро чунон ба воҳима андохтаанд, ки саг соҳибаша намеёбад. Дар бозорҳо одам кам мондааст. Дари аксари дӯконҳо баста.
Мансур Мирзоумедро гусел карда, рӯйи ҳавлӣ пасу пеш қадам зад: Ба фикраш омад, ки аз афташ болшевикҳо дар пас қувва доранд. Вагарна дар мансабҳо одамонашонро намемонданд, хонаҳои мардума зада намегирифтанд. Ҳамзамон ба хотир овард, ки дар суханони рафиқаш оҳанги таъна ҳис мешавад: «Равуо карда кори кардаатон ҳамин!» мегуфт нигоҳи ӯ. Ҷониби Баҳодур, ки аспашро қашав мекард, гуфт:
– Саҳарӣ шаҳр меравам, хонаро хабар мегирам. Тавонам, ароба оварда асбобу анҷомро бор карда, ба хонаамон меравем.
– Ман ҳамроҳатон маравам, - гуфт Баҳодур ва бо оҳанги шӯхӣ илова кард: - Мо аз қабили онҳое нестем, ки падарамронд дар маҳалли хатар танҳо гузорем.
Баҳодур аз бозе, ки ба деҳа омадааст, китф мондаю овозаш ҳам ғафс шудааст. Ва гоҳе бо падар шӯхӣ мекунад.
– Мо аз онҳое нестем, ки дар шаҳри худамон тарсем, - гуфт Мансур низ ба лаҳни шӯхӣ ва дар сару рӯ ва дастҳои Баҳодур пайи қамчинро мушоҳида карда, пурсид. - Ба рӯйят ранг молидӣ? Ё шатта хӯрдӣ?
– Гӯй ки намедонед, - худро бепарво вонамуд кард Баҳодур. - Ҳангоме ки барои буза гирифтан даруни тӯда медарой, шатта ҳам мехӯрию қамчин ҳам. - Худатон ҳеҷ кубокубӣ намекардед?
– Ҳар сол се-чор маротиба. Аз зарби қамчин сару рӯям варам карда мерафту то соли дигар модарат дорую дармон карда мебаромад.
– Пас чаро мепурсед? - Баҳодур табассум кард. Баробари табассум дар чеҳрааш нишони озору алам низ намудор шуд.
«Бале, ҷанг кардааст, дилаш аламдор. Вале намегӯяд. Феъли мансуриён, ба худ мехӯранду намегӯянд». Мансур ҷомаашро гирифта таҳораткунӣ рафт. Пеши назараш галаи асп, ки болои маслуқ ҷамъ мешаванд, омад. Чанд даст болояш нишеб мешавад. Яке мебардорад, дигаре аспа болояш меронад. Маслуқ таги по мемонад, аз дасти човандоз хато мекунад. Ин аҳвол чанд дафъа такрор мешавад. Гоҳе як соат талош мекунему касе маслуха гирифтан наметавонад.
Бегоҳирӯз, ҳангоме ки Баҳодур барои асп қаҳбеда омада мекард, Ҷовид чашмонашро мугамбирона нимпӯш карда гуфт:
– Имрӯз дар бузтозӣ ҷанг карданатро дидам.
– Дида бошӣ чӣ? - Баҳодур чашм ало кард.
– Бо Ҷаббор занозанӣ кардед. Холбек омада ёри Ҷаббор шуд. Ба сари аспамон бо қамчин мезаданд...

пешина
аз 613
навбатӣ