Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Дигар ин пула намедиҳанд? - пурсид ӯ бо овози гирифта.
– Кӣ медиҳад? Аз кӣ талаб мекунем? – Кӯлохдор даст афшонда тез-тез қадам зада дур рафт.
Ҷавони мӯйсардори дар паси кулоҳдор буда гуфт:

  • Шумо дар рӯзҳои аввали овозаҳои «бонк нест шудааст!» меомадед... Ин саҳн, кӯчаҳо пури одам, баъзеҳо мисли каси мотамзада оби дидаашро дошта наметавонист. Шаст-ҳафтод нафар одамон аз Хуҷанд омадаанд. Онҳо ҳам пулашонро дар ҳамин бонк монда будаанд. Боз як қисм хуҷандӣ пулашона дар шуъбаи дар Хӯқанд буда мондаанд. Он бонкро ҳам болшевиқҳо гуму нест кардаанд. Мардум дар он ҷо ҳам сӯхта пухта гаштаанд.
    Одамон наздик омаданд: марди салладори чашмкалоне ба рӯйи Мансур нигоҳ карда гуфт:
    – Ошно, пули шумо камтар будааст, кам месӯзед. Пули мани аҳмақ ба тиллои мондаам ҳисоб кунам агар сад ҳазор кам як миллион буд. Нахӯрдаю напӯшида ҷамъ карда, ба дасти ин дуздҳо додаму акнун вовайло гуфта гаштаам. На хоб дорам, на оромӣ, на зинда буданам маълум.
    Панҷ-шаш нафар наздик омаданд. Онҳо ба умедворӣ ба Мансур менигари-станд. Гӯё ӯ хабаре оварда буд.
    – Пулашон кам не! Ду сол пеш бо ин пул як ҳавлии пеши шаҳр мехаридед! – гуфт кулоҳдор.
    – Бале, як ҳавлӣ мехаридед, – афзуд Мансур.
    Байни онҳо чунин гуфтугузор шуд.
    – Парвардигор худаш ба мо нишон дод. Дар китоби осмониаш гуфтааст-ку: Аз пул фоида гирифтан (суд) гуноҳ аст.
    – Ду нафар аз ин бонки русиёҳ омада, маро ҳам морбарин афсун карданд: «Он ҷо пулатонро муш намехӯрад. Ҳар сол фалон фоиз, фалон қадар изофа мешавад» гуфтанд.
    – Маро ҳам бурдаю сандуқи оҳанинашонро нишон дода буданд.
    – Шумо, мусулмонҳо, хуб мешавад! – Марди зардинае даст шоф карда, наздик омад ва ҷониби Мансур муроҷиат кард. – Ними мардуми Самарқанд садҳазорию дусадҳазорӣ пул доштаанд, нимаш ману шумо барин камтар, тиллодоштаҳо ҳам буданд. Ин хабарҳо акнун маълум шуд. Пеш даҳанҳо пӯшида буд (мард даст ба даҳон монд). Даҳ рубл қарз мепурсед, сад қасам мехӯрд, ки пул надорад. Дирӯз аз ҳамсояаш ба коре қарз кардааст. Акнун дар ҳақиқат ҳама нодор шуда монданд. Ҳоло дар хонаҳо аз алами ҷонсӯз сӯхтаю пухта хобанд. Баъзеҳо аз дарду алам ҷиннӣ шуда кӯча ба кӯча гаштаанд. Ин кас аллакай ҷиннӣ! – ҷониби салладор ишорат кард.
    – Пул аз ҷон мубурод. Як миллион гум кунед ҷиннӣ мешаведу шақа ҳам. – гуфт Мансур. Вуҷуди ӯро хашму ғазаб фаро гирифт. – Чӣ хел мешудааст, ки як шаҳр одам пулашро бо дилпурӣ ба бонк диҳаду дигар гирифта натавонад?!
    Вай нав дид, ки анбори паҳлӯи бонк холӣ аст. Ҳатто дарвоза надорад. Аз ди-лаш гузашт, ки шояд соҳибони бонк тиллоро гирифта гурехтанд. Аммо пулро болшевиқҳо гирифтанд. Анборро ҳам холӣ карда ҳам болшевиқҳо.
пешина
аз 613
навбатӣ