Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Онҳо ба қисмати Тошканду Хуҷанду Фарғона, ки даврони Николаи соҳиб шуда Туркистон ном мебурданд, қонеъ нашуда, аморати Бухороро ҳам тасарруф карданд. Аммо мардуми аз олам бехабари мо на ба инқилоб на ба ваъдаҳошон, ки мегуфтанд: “замину обу ҳукуматро ба халқ медиҳем”, эътимод намекарданд. Мӯйсафедон дар чойхонаҳо чой гардондаю бепарво саллаҳоро поину боло карда, дар суҳбаташон мегуфтанд: «Кори олам ба як ранг нест. Руси Николай омаду рафт, руси болшевик ҳам омада меравад». Вале диданд, ки болшевикҳо мункири Худою дин ҳастанд, масҷиду мазорҳоро ҷойи харбандию аспбандӣ мекунанд, Бухорои шарифро бо қасрҳои забарҷад, биноҳо, ҳатто манзилу маъвои мардуми бегуноҳро бо аэроплану тупу пулемет зада сӯзонданд, мисле ки як ҳашари умум шурӯъ шудааст ба муқовимат бархестанд. Баҳри фарзандашон аспу аслиҳа ва сару либос таҳия намуда, гуфтанд, ки равед, дар паҳлуи амир, ки аз Бухоро гурехта дар Ҳисор будааст истода, ватанамонро, динамонро муҳофизат кунед.
Аслиҳаи онҳо бештар камонҳои даҳонпурии дакёнусӣ ва корду калтаку асову шоха буд. Мардуми дар умраш ҷанг надида, тупу пулеметро нашунида бар зидди «кофир» ба ҷанг мерафту майдонҳо ғарам-ғарам мурда мешуд.
Аммо ҳаракати зидди Шӯравӣ қатъ намешуд. Ин гуна ҷанги нобаробар зиёда аз дувоздаҳ сол давом кард. Аз хонадонҳои панҷсад-шашсад сол номдор орифон, қосибон, деҳқонон аҳён-аҳён касон монданд.
Китоб ба он хотир навишта шудааст, ки хонанда донад, он рӯзҳои уқубатбораро пеши назар доштан, имрӯз ҳам муҳим ва зарур мебошад. Чунки қавми баъдина, шоҳид будем, ки он ситаму дардҳои аввали аср, ба қавле намурда боз баргаштанд то ки фарзандонро ҳам аз рӯи феълу нодониашон ба он дардҳо гирифтор кунанд.
Мирзонасриддин
12 декабр 2015

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё