Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ПЕШГУФТОР
Романи таърихӣ ҳам дардовар, ҳам дармонбахши халқ аст. Солҳои охир рӯшанфикрони ҳақиқии кишвар чанд китобу асарҳои хуби таърихӣ навиштанд, ки ба тақозои замони истиқлолият аст. Баъд аз он ки шаҳру деҳоти тороҷдида обод мешаванд ва дубора рӯзгори осуда фаро мерасад, хирадмандон, ба сӯроғи сароғози миллат мераванд то ки аз он чоҳи жарфу пок ба ташнагони диёр об биёваранд, (Ин корро дар замонаш Фирдавсии бузург карда буд). Онҳо таърихро тагурӯ мекунанд, то ки омӯзаҳои сараро пеши назари хонандаи имрӯза ҷилвагар созанд. Мо агар ба гузаштаҳои дур ва начандон дур нигарем, яъне аз сукути давлати Сомониён ба ин тараф кори пешвоҳомон асосан дар суннати санийя будан ва ба шоҳону амирони замон дилёбию муросо кардан будаасту бас.
Дар як асри бист мо тоҷикон ду маротиба, ба шикасти фоҳиш рӯ ба рӯ шудем. Ва табиист, ки ҳар фарди андаке аз худу аз гузашта огоҳ, гашта-гашта ба худ савол медиҳад: Айби кӣ буд?! Кӣ пеш даромад?! Кӣ роҳ дод чунин хиёнату бешарафиро?! Бояд ёфт онҳоро ва чеҳраҳои асосии онҳоро назди мардум ошкор сохт. Бас аст афтидану гарданшикастан!
Президенти мӯҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон чандест, ки дар бораи ягонагӣ ва рушду тарақии миллат мегӯянд ва корҳоеро анҷом медиҳанд. Ҷашнҳое, ки дар бораи бузургдошти чеҳраҳои намоён, бузургдошти забон ва анъанаҳои миллӣ баргузор мешаванд ба он хотир ҳастанд, ки мо ҳувияти миллии худамонро дарк кунем ва таърихамонро шиносем.
Банда низ дар заминаи чунин андешаҳо аз воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ чанд варақ сиёҳ кардам ва пай бурдам, ки дарк ва шинохт ҳама муаллақанд, ба охир нарасидаанд. Чунки решаи он воқеаҳо маро ба сӯи шикасти аввал, ба солҳои бистум мебарад. (Дар майдонҳо мегуфтанд: падарам, фалониро ба Сибир бадарға карданд ё бобоямро бой гуфта паронданд). Ҳамин фикрҳо сабаб шуданд аз баҳри навиштаҳои аввала гузашта, ба воқеаҳои замони пештар рӯ овардам. Таҷриба, ки надоштам, гумон мекардам навиштани роман осон аст. Вале дар давоми кор дидам, ки он даврони пуршӯру пурзиддиятро, ки ватан бозичайи дасти дигарон гардида буд, рӯи коғаз овардан коре будааст мисле, ки ба болои ҳирмани хокистари сӯзон ба пои урён оҳу воҳ гуфтаю роҳ меравӣ.
Рӯҳияи инқилобие, ки солҳои зиёд дар Русия тозу боз мекард, дар охири соли 1918 ба кишвари Осиёи Марказӣ низ расид, пешвоҳои замон аъламу уламоҳо, ҷавонони дар Русия ва Туркия таҳсилкарда бо тақлид ба аврупоиён митингу кунгураҳо ороста, дархости озодӣ ва истиқлол карданд.
Аммо болшевикон, ки аз даруну беруни кишвар огоҳ буданд, (на армия, на пул, на кадрҳои ихтисосманд доштанро медонистанд), «шумо донишу тавоногии давлатдориро надоред», гуфтанд ва нагузоштанд коре иҷро шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё