Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
— Инҳо бояд баъди ҷанги имрӯза як пиёла арақ нӯшанд, баданашонро ғарбият кунад, фикри ҷанги пагоҳро кунад. Эҳ мусулмонҳо...
Онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Рӯзи дигар Муҳаммадшариф дар пешобдонаш дард ҳис карду аз фикраш гузашт ки сухани Чернов ҳақ аст. Дар вақти ҷанг ҷанг мекунад на ин ки намоз хонӣ.
Чернов аз назди суфае, ки атрофашро девор бардоштаанд гузашту чашмаш ба Манучеҳр афтид, ки бо ду нафар як тӯда бузу гӯсфандро ба заминҳои барфпӯш ҳай карда бармегаштанд. “Яқин, ҳангоми аз ағба фуромадан дар наздикиҳо рамаеро дида, ба сараш рафт. Дар феълаш, ки дуздӣ ҳаст, як-як рӯ мезанад. “Феъли бо шир даромада бо ҷон мебарояд.” Агарпурсӣ, ки чаро дуздӣ кардӣ? ҷавобаш чунин аст: “Рафиқ сардор, лаззати чизи дуздӣ дигар аст.” Ба хотири Чернов рӯзи дар Самарқанд шинос шуданашон расад. Ҳарду аз боби сарбоз шуданаш гапзанон карда, аз заводе, ки кор мекард, берун меомаданд, ки касе аз пас садо кард: “Дар бозорҳо дуздӣ карда мегаштӣ! Ин ҷо оварда одамат кардам.” Манучеҳр ҳам паст наомад: “Аз ин кори бемузди ту дуздиам беҳтар буд.” Аз он вақт якуним сол гузашт. Манучеҳр ҷавони дилпур баромад. Дар ҷанг рафиқашро танҳо намегузорад. Муҳимаш ҳамин. То ки ӯ шарм накунад, Чернов худро нодида ангошта, дохили хона шуд. Дар байни маъюбони навоварда, ки дар атрофи оташ хӯрчину шинелҳоро партофта нишастаанд, Ершов ҳам ҳаст. Дастонашро ба оташ доштаю бо овози баланд чизе мегӯяд. Чашми Чернов ба сарбоз Сафаров Юсуф афтод, ки бо ҳоли зор якпаҳлӯ асту об талаб мекунад. Дасту рӯю либосҳояш лойолуд. Ҷомаи шип-шилтааш дар китфаш овезон. Хабар доданд, ки ҳангоми ағбаро баромадан тир ба шикамаш даромадааст. Табиб Карим-ака захми Юсуфро бо хлороформ шушта, ким-чигуна равған молид.
Чернов ҳамаро як-як пурсида, дасти Сафаровро дошта, ба рӯяш зеҳн монда гуфт:
— Додар, тоқат кун. Пагоҳ Бойсун дароем, он ҷо мо беморхона дорем. Духтурҳои мо ин гуна захмҳоро зуд табобат мекунанд.— Ва ҷомаи тарро аз китфаш гирифта, ба Муҳаммадшариф ишора кард, ки шинели эҳтиётиашро оварда, ба китфи Сафаров партояд. Мушоҳида кард, ки пеши мӯзааш даридаю пайтобааш мисли забони саг кашол аст. Аз ҳисси ҳиҷолатмандӣ нигоҳашро дигар сӯ тофт. Боз чанд нафарро дид, ки низ, мӯзаашон дарида буд. Дар дил қарор дод, ки дигар ҳеҷ гоҳ дар зимистон бе сару либоси гарм қӯшунро ба роҳ намебарорад. Ин сафар бароиш дарс шуд.
Табиб Карим-ака ошуфта менамуд. Ӯ саллаи фарсудае дорад. Аз болои ҷома миёнашро бастааст. Сарбози логарандоми ба сараш тир расидаро дору карду пас ба хона даромад. Имшаб кори вай бисёр аст.
Баробари торикӣ фуромадан “рафиқ” ва Пётр-Белий масъулияти посбониашро бештар ҳис карда, гоҳ ин тарафу гоҳ он тарафи работ давида, аккос мезад. Гӯё атрофро огоҳ мекард: “Ҳой, ин ҷо соҳиб дорад!” Гоҳ ҷониби заминҳои поён, ки барфи баланд доранд, рафта меомад, пас дуртар аз давра истода маҳин овоз мебаровард. Хабар медод, ки баҳузур бошед, атроф тинҷ аст: ду-се дақиқа истодаю боз ба атроф тохта мерафт. Кори сагро дида “шабона посбон мондан лозим нест” мегуфтанд бачаҳо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо