Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
алангла мезанаду дуд мебарояд.. Ана он Бухорои шариф, Бухорои пурасрор. Ду рӯз шудааст, ки онро бомбаборон мекунанд.
Бригадаи Чернов бо дигар ҷузъу томҳо аз қабристон ва рӯбарӯи бозор гузашта, дар дашти ҳамвори алафаш кайҳо зардшуда ҷой интихоб кард. Бозор аз паҳлӯи рости дарвоза аст. Дар поёни бозор чойхона ҳам будаасту кор мекардааст. Чернов нигоҳашро аз бозор наканда андешид: «Во аҷабо, ин ҷо расму одати мардум тамоман дигар: гурӯҳи ҷангҷӯй ҷангашро мекунад, савдогар ба савдояш овора, деҳқон аз паси кишту кораш. Ту ба ман кордор бош, ман ба ту».
Гурӯҳе аз сарбозҳо сӯйи бозор, гурӯҳе сӯйи чойхона мераванд. Взводи хизмати ақибгоҳ дарҳол ба омода кардани дегу оташ шурӯъ кард. Яке дег, дигаре сабзӣ мешӯяд, сеюмӣ дар таги самовар оташ мегиронад.
Сардори взвод Тошев Чилла бо ду-се нафар сарбозҳояш говҳои дар наздикии Муборак сарбуридаро пӯсту пора мекунанд. Чилла ба кори дигарон низ назорат дорад, баъзеҳоро саросема мекунад: «Масъуд, зуд гӯшти шӯрборо бардор! Маҳмуд, ба таги деги сеюм алов мон! Карим, ҳамроҳат канӣ? Пиёзро пора кардед?! Тез ҷунб! Сарбозро хоб барад, хӯрокат ба кӣ даркор? Ҳой, сабзӣ канӣ?!»
Манучеҳр ҳам дар паҳлӯи Чилла гӯсфандеро пӯст мекунад. Мегӯяд, ки меҳри қассоби аз бобояш ба ӯ мерос мондааст. Чернов бо се-чор нафар ҳамроҳон атрофро чарх зада, пастию баландиҳоро аз назар мегузаронад, мисли наққоше, ки мусаввараашро тасаввур мекунад, муҳорибаи пагоҳ шурӯъ мешударо пеши назар меорад. Фикр мекунад, ки пагоҳ лашкари амир яқин аз дарвоза берун мешаваду муҳориба дар ин дашт сурат мегирад. Аз рӯйи хабарҳо навкарҳояш ҷангиёни кордидаанд. Ҳангоме ки аз назди қассобҳо мегузашт, сӯҳбати Манучеҳру Чилларо шунид.
– Намешавад, ки як гурдаашро канда ба мо диҳӣ? – Манучеҳр пои говро медорад.
– Нав як гурдаро бурдӣ...
– Сагера ҳафт шикам дорад, чӯра. Як гурда ба ду нафар чӣ мешавад?
– Ҳамая мону аммая меҳмон, - дар ҳаққи ту гуфта шудааст.
– Хӯрокат кай тайёр мешавад?
– Мушкилии кор то пухтани гӯшт, - мегӯяд Чилла, - хӯрок дар ним соат мепазад.
– Мо мардум дар пухтану хӯрдан устухон надорем-куя! - гуфт Манучеҳр бо заҳрханд.
– Ошно, ҳар киро аз баҳри коре сохтанд, - гуфт Чилла ва ҷониби ҷавони табарчадор хитоб кард: - Маҳмуд, пойро се-чор пора карда, ба дег андоз! Об як маротиба чӯшад, пас аловро паст кун! - Ва хушаш ба қассоби, суханашро идома медиҳад: - Худо дар дили қавми рус меҳри камонсозию пулемётсозию кишваркушоиро андохтааст. Дар дили мо бошад, ҳалол хӯрдану намозакатро хондану шукр карданро. Лекин ту ҳам дар ҳисоби онҳо медарой. Нигоҳ кунам, ҷанг ба ҷонат баробар.
– Аз дасти мо мардум коре наояд, аз танбалию нодонии худамон не, аз Худо медонем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё