Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
- Александр Николаевич, то ҷанг ҳаст, қувва мебиёред. — Николай хандид ва дӯстона ба чеҳраи мусоҳибаш зеҳн монд.
Чернов хост чизе гӯяд, ки Николай коғазҳояшро нишон дода гуфт: - Александр Николаевич, бубахш, ки меҳмондорӣ карда наметавонам. Командир интизор аст. Бегоҳ дар ситод вомехӯрем. — Ва роҳравон афзуд: — Хуб шуд. Мо омаданатонро интизор будем. Насиб бошад, пагоҳ якҷоя ба китфи Ҷаноби Олӣ орд мезанем. Дуртар рафту илова кард: — Сардори армия одами нав, подполковник Рубенов. Ҳама полку бригадаҳоро чарх зада мебинад. Нав аз назди мо рафт.
«Маълум мешавад, ки Фрунзе пагоҳ зарбаи охиринро заданист», фикр кард Чернов.
Тақрибан сад метр дуртар дар рӯбарӯи дарвозае, ки як табақааш барҷой асту ба ҷойи табақаи дигар шоҳҳои баргашон зардшудаи дарахтро чидаанд, батареяи 3-уми фронти Туркистон ҷой гирифтааст. Ротаи 16-уми таърифкардаи Фрунзе низ дар ҳамон ҷост.
-
Ин ҷо дарвозаи Шайх Ҷалол аст, — мегӯяд Степанов: — Ин рота мудом мепурсад, ки кай ҷангро шурӯъ мекунем?
-
Ротаи 15-уми мо барин, — Чернов ба умеди шиносеро дидан муддате аз ротаи 16-ум чашм намеканад. Не, ошноӣ ба чашм намехӯрад.
Штаб дар наздикии дарвозаи Қаршӣ дар бинои зебое қарор дорад. Дар бино ба ғайр аз навбатдор ва се-чор нафар сарбози маҷрӯҳ касе нест. Кормандони ситод ҳама ба қисмҳо рафтаанд, то ки вазъиятро дидаю ба ҷамъомади бегоҳ омода шаванд. Навбатдор лейтенанти холдор: ӯро дар штаби Самарқанд дида буд. Вай ҳамроҳи Рубенов омадааст. Черновро дида хурсанд шуд. Гуфт, ки шуморо интизор будам. Маҳалле, ки қӯшуни шумо қарор мегирад, тарафи рости дарвозаи Қаршӣ аст. Ҷойро рафта бинеду соати шаш ба маҷлиси штаб ҳозир шавед.
Чернов бо атрофиёнаш аспҳоро лука дода пеш гузаштанд. Дарвозаи Қаршӣ дар тарафи ғарбии шаҳр ҷойгир аст. Дар рӯбарӯаш роҳи аробагузар: он сӯи роҳ дашти ҳамвор аст ва аз он ҷо қабристони кӯҳнаи хеле калон намоён аст. Болои баъзе қабрҳо сағонаҳо дорад, ки аз диданашон дил ваҳм мегирад. Дар байни қабрҳо ягон-ягон хори янтоқ ва ниҳолони қадди одам хестаи газ намоён аст. Ва ҳарду ҳам гули сурхи баланд доранд. Дар гӯшаи рости қабристон ду каппаи ба ҳам наздик намоён. Дар тарафи чапи дарвоза се-чор бинои боҳашамати урупоисохт қад афрохтаанд. Он ҷо бонк ва боз ким чӣ хел ширкатҳои тиҷоратӣ мавҷуд будаанд. Ҳоло он ҷо касе нест ва биноҳо бекасу бесоҳибанд. Бист - сӣ қадам поёнтар чойхона ва бозори калонест, ки дар он харбузаю тарбуз, бодирингу ангури сабзӣ мефурӯшанд... Ҳамаро рӯи замин рехтаанд, мардуми шаҳр ва сарбозҳо ҳам дар доду гирифт. Рӯз бегоҳ шуда бошад ҳам, ҳанӯз мардуми деҳаҳои атроф маҳсулоташонро меоранд. Маълум мешавад, ки савдо хуб аст. Ҳис намекунӣ, ки ин ҷо ҷанг асту хати ҷабҳа аз паси девор мегузарад.
Як табақаи дарвоза нест: бурчу бораҳои тарафи чап лахту пора шуда хобанд. Яқин, ин ҷо бомба партофтаанд. Аз ҷойи дари шикаста, аз паси дуду ҷанг хонаҳои хурду бузурги шаҳр намоёнанд. Одамонро ҳам мебинӣ. Ҷое оташ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё