Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
булбулони Хуҷанду Фарғона меоянд, ин тараф аз Тошканду Шоҳимардон сар мекунанд. Мо муштоқи хабари ҳамдигар ҳастем. Аз ҳоли замона мегӯему мешунавем. Ба барномаҳои мо ҳамин қадар кор мондааст. Чун ба Бухорои нозанин баргаштам, хабар мебарам, ки саллоти урус ҳамин рӯя ҳаракат дорад. Бо тӯпу таҳдиду гарду ғубораш ҳаракат дорад.
-
Бале, ин хабарро зуд бурдан лозим, - Чернов хандааш омад. Ва фикр кард, ки телефону телеграфҳои ин мардум ҳаминҳоянд. Ӯ аз нияти кофтукови дарвеш даст кашид.
-
Ин дарвешон мисли кӯдак ҳастанд, Александр-ака, - Муҳаммадшариф раҳақӣ шудани Черновро дида, наздик омад. - Чӣ гапе дар сарашон ҳаст, беистиҳола мегӯянд. Инҳо нафсу ҳаваси ин дунёнома мекушанду ҳама умедашон ба он дунё.
-
Ба ин бекориву оворагардиашон гумон аст, ки дар он дунё ҳам чизе ба инҳо расад, - гуфт Чернов ва аспашро тозиёна зад.
Бригадаи Чернов ҳангоми аср деҳаи Амонқӯтанро, ки дар домани ағба воқеъ аст, гузашта дар теппае, ки нисбатан ҳамвортар менамуд, ҷои шабгузаронӣ интихоб кард. Сарбозон таги хор ё санге, ки қисм таги арчаҳои баландтар ҷой гирифтанд. Баробари аз теғаҳо паридани офтоб аз ҷониби тори ағба шамоли сард вазид. Чернов шинелашро пӯшида, аз байни хору буттаҳо гузашта, атрофро аз назар гузаронд. Баъзе сарбозҳо аспашонро дар хори паҳлӯяшон бастаанд. Баъзе лаҷом дар даст аз нону обе, ки доранд, тановул мекунанд. Аспҳо бошанд, бесаброна ҳиҳ-ҳиҳ садо мебароранд. Тез-тез сулук мехоянд, сум мезананд. Дар поёнтар якчанд ҷавони полки сарҳадӣ ҷамъ омадаанд.
Сарбозе аспашро ба ҳамроҳаш супурда, омада ба Чернов салом дод:
- Ман Тараев Тимофей, - худро шинос кард ҷавон.
Чернов дасти ҷавонро доштаю ба оғӯш гирифт.
-
Нав шинохтам, охир ҳаво торик аст! - гуфт.
-
Онҳо дар ҷангҳои назди Уфа дар полки 17-уми тирандозӣ ҳамроҳ буданд. Ҳамярокҳояш дар ҳаққи Тараев мегуфтанд, ки дар армияи Колчак, дар дивизияи номдори Капел хизмат мекардаасту пас ба тарафи сурхҳо гузаштааст. Баъди Уфаро гирифтан ротаи онҳоро ба бригадаи Попов, дивизияи 25-ум, -дивизияи шӯҳратманди Чапаев интиқол додаанд ва аз байн беш аз ду сол гузашту нав ҳамдигарро диданд.
-
Кай омадӣ? Ман бехабар, - пурсид Чернов.
-
Рафиқ майёр, шуморо ду маротиба дар маҷлис дидаму ҷуръати наздик рафтан накардам. Ҳоло танҳо дидаму омадам.
-
Эҳ-е! Ту ҳама вақт назокатро риоя мекунӣ.
-
Як ҳафта шуд, ки ин ҷоем. Ҳоло дар полки сарҳадии Каркӣ хизмат мекунам. Имрӯз ҳафтум рӯз аст, ки дар тарафҳои шумо.
-
Тарафи мо, - лабханд кард Чернов. Онҳо ду-се дақиқа сӯҳбат карда ҷудо шуданд. - Рӯз шавад, сӯҳбатамонро давом медиҳем, - гуфт.
Дар баландӣ зери ниҳолаки арча Манучеҳру Амонро дид. Манучеҳр аз наздик шудани ӯ бехабар пуштанги аспашро суст кардаю таънаш дорад: «Чаро мехӯсӣ? Ман дар наздат. Дар қафоят касе чӯб намезанад. Бубин, дар атрофат чӣ қадар аспҳо ором истодаанд!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё