Зеҳн
ҲАЗЛҲОИ ДЕМОГРАФӢ

Ба ҳамаи одамон хушбахтӣ меояд. Аммо на ҳама табассум мекунанд. Биёед табассум кунем, то хушбахтӣ ба ҳама табассум кунад

Ахбор · 26 октябри 2024 · 11 саҳифа · 1 писанд

Латифа
Аз аввал хондан

ИЗДИВОҶ

Сенори сарватманди пиронсол ба арӯси ҷавон мегӯяд:

– Азизакам, ман бояд туро пешакӣ огоҳ кунам, ки ман шахси комилан солим нестам: ман гайморит, гепатитҳои музмин, стенокардия ... дорам.

– Ва пас чиро ту надорӣ, азизам? – сухани ӯро мебурад арӯсаш.

– Дандонҳоро.

\\\*

– Гӯш кун, азизам, ту ягон бор аз рӯйи муҳаббат издивоҷ кардаӣ?

– Не, аз рӯйи муҳаббат ман танҳо ҷудо мешавам.

\\\*

Бибӣ ба наберааш мегӯяд:

– Набераҷон, ман мехоҳам, ки дар зиндагиат муҳаббати бузург ва ягона дошта бошӣ.

– Шумо онро дошта будед?

– Бале. Маллоҳон (матросҳо).

\\\*

– Ман домодшавандаамро рад мекунам, – гуфт духтар ба модар.

– Чаро?! – Пурсид тааҷубомез модар.

– Ӯ ба Худо бовар надорад, ва дирӯз гуфт, ки дӯзах вуҷуд надорад.

– Худои ман, як рӯз пас аз издивоҷ вай дӯзахро бо чашмони худ мебинад, – гуфт модар, духтарашро тасаллӣ дода.

\\\*

Зан дар идораи издивоҷ талаботро барои шавҳар шарҳ медиҳад:

– Вай бояд табиатро дӯст дорад, ба ман қиссаҳои хандаовар, хабарҳо нақл кунад. Ва ҳеҷ гоҳ суханамро набурад.

– Хонум! Ба шумо телевизор лозим аст.

\\\*

– Шунидам, ки Абрам оиладор шудааст. Шумо чӣ фикр доред, аз рӯйи муҳаббат ё аз рӯйи ҳисоб?

– Ҳам ин, ҳам он. Вай духтарро аз рӯйи ҳисоб ва пулро аз рӯйи муҳаббат гирифт.

\\\*

– Шумо аҷаб зебо менамоед, азизам! Ва он «ду нуқси хурд», ки шумо дар эълони издивоҷ дар бораи онҳо навиштаед, куҷоянд? – Яке дар кӯдакистон, дигаре дар боғчаи кӯдакон ...

\\\*

Дар оилаи фаронсавӣ духтар ба шавҳар мебарояд.

Пеш аз аввалин шаби арӯсӣ, модар ба навхонадор мегӯяд: – Агар ба шавҳарат пеш аз хоб даҳ устритса бидиҳӣ, то бихӯрад, пас ту шаби фаромӯшнашаванда хоҳӣ дошт. Духтар он чиро, ки модараш гуфт, кард. Субҳ вай аз хонаи хоб ғамгин мебарояд. Модар аз ӯ мепурсад: – Хуб, чӣ тавр?

– Танҳо чаҳор устритса кор дод.

\\\*

Ду пирдухтар дар рӯи ҳавлӣ дар харак нишаста, лабҳои худро маъюсона ба ҳам баста, хурӯсеро мушоҳида мекунанд, ки яке аз мокиёнҳоро таъқиб карда, ба ҳеҷ ваҷҳ ба он расида наметавонад. Мокиён дар атрофи хона ду маротиба давида, ба кӯча гурехта, ба зери чархи мошини боркаш меафтад.

– Вай маргро афзал донист, – мегӯяд яке аз пирдухтарон бо рӯҳбаландӣ.

\\\*

– Духтур, ман аз беқувватии ҷинсӣ азият мекашам.

– Чунин духтари ҷавон, зебо? Номумкин аст. Ва дар чӣ ин ифода меёбад?

– Ман наметавонам ягон мардро рад кунам.

\\\*

Ду араб:

– Ман занонеро, ки бо варзиш машғул мешаванд, дӯст медорам.

– Ман ҳам. Ба наздикӣ ба дастаи занонаи волейбол хонадор шудам.

\\\*

Донишҷӯдухтари навҷавон аз фанни иқтисоди сиёсӣ

имтиҳон месупорад. Вай як даста шпаргалкаҳоро навишта, барои ҷавоб додан меравад.

Ба ӯ савол дар бораи Адам Смит мерасад. Ҳамааш хуб аст, аммо дар шпаргалка духтар барои кӯтоҳӣ А.

Смитро навиштааст, ва акнун вай аз ҳаяҷон номи пурраи иқтисодчиро фаромӯш кардааст. Омӯзгор мепурсад:

– Пас А. Смит чӣ ном дошт?

Духтар дудила мешавад, ва омӯзгор тасмим мегирад, ки луқма партояд:

– Хуб, ба хотир оред, марди аввал чӣ ном дошт?

Донишҷӯ чашмҳои бегуноҳро ба сӯи профессор бардошта, пичиррос мезанад:

– Валера ...

\\\*

– Чаро шумо аз зиндон гурехтед? – мепурсад полис аз маҳбус.

– Ман мехостам оиладор шавам.

– Хм ... Шумо фикри аҷибе дар бораи озодӣ доред.

\\\*

Ҳамсарон ба дӯстон шикоят мекунанд:

– Мо гурбаамонро ахта кардем, аммо он аздусар шабҳо нопадид мешавад.

– Чӣ хел?

– Ба сифати мушовир.

\\\*

– Оча, мо имрӯз бо Анвар баҳс кардем, мегӯяд духтар.

– Ба фикри шумо, кадоме аз мо бояд гузаштҳ кунад? – Пеш аз тӯй ту, – ҷавоб медиҳад модар.

\\\*

– Медонед, духтари маро якбора ду ҷавон хостгорӣ карданд: муҳандис ва духтур. ...

Наход?

Ва ба кӣ хушбахтӣ хандид?

– Ба духтур. Духтарам муҳандисро интихоб кард.

\\\*

Ҷавонон барои сабти издивоҷ ба идораи сабти аснод омаданд.

– Оё шумо ба чунин як рӯйдоди муҳим дар ҳаёт хуб омодагӣ дидед? – дар онҷо мепурсанд.

– Албатта! Сӣ литр самогон тайёр кардем, ҳаждаҳ қуттӣ май харидем, ҳар гуна ҳасиб дуд додем...

\\\*

– Ту маро дӯст медорӣ?

– Бале!

– Мо кай оиладор мешавем?

– Мебахшӣ, вале мавзӯи сӯҳбатро ин тавр якбора тағйир додан мумкин нест.

пешина
аз 11
навбатӣ