Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

хӯрдааст. Аммо худам ба чашмам дидам, ки палави ҳафт мардикорро пок-покиза зада ҷанги табакро баровард. Дар ҳар куҷо бо ҳар кас, ки бошад, фақат аз хӯрок гап мезанад. Агар заминдору бой намебуд, чӣ кор мекард гӯед-а?

— Гадои як умр гурусна, — ҷавоб дод падарам суоли деҳқонро. — Ӯ куҷоӣ?

— Намешиносед? Овчигӣ. Заминдори калон, — ҷавоб дод деҳқон. — Кулматбой. Аз даҳбошӣ гуфтанатон хаёл кардам, ки мешиносед. Аз ҳаққи мардум пурхӯрӣ мекунад. Ба давлату савлати ин ҳам ба қарибӣ завол мебиёяд. Чӣ гуфтед, ако?

Падарам ба ин саволи деҳқон ҷавоб надода гуфт:

— Гӯё дар Хуҷанд ғайр аз ҳамон се пазанда каси дигар нест. Охир дар Хуҷанд Шамсиқодири беқасаббофи даҳ дасташ ҳунар, Устоҳайдари дӯзандаи кафшҳояш аз даҳани мор кашидагӣ барин силик, Содирхони хушовоз, олими уламо Ҳоҷӣ Юсуф, қутби замони шаҳр Муҳиддинхон, мазори Хоҷакамолу Шайхмуслиҳаддин, Чорраҳаи Мардон, мактабу мадрасаҳо ҳаст. Ёфтаю тофтан ин абӯншкам бошад, фақат авқот будааст-дия...

Деҳқон он қадар неку, косиб кайф карда хандид. Оби аз ханда рехтаву шоридаи чашмро бо ангуштони сиёҳаш пок кард.

— Хуб гуфтед, усто. Ҳақиқатан абуишками афсона ҳамин хел будагист, — гуфт ӯ бо овози нисбат ба синну солаш ҷавонона. — Сӣ рӯзи рамазони гузашта Тошмуҳаммади ҳиссахон ҳар рӯз, баъди пешин то қарибии шом, дар домани гунбази пирам ҳиссахонӣ мекард. Ишкам гуруснаю ташна, ба кор хуши кас намебиёяд. Чашми падарамро ғалат мекардаму тохта ба ҳиссашунавӣ мерафтам, ки ҳар чи рӯзро кӯр кунад. Тошмуҳаммад ҳиссахони ғалатӣ. Чупон мехопад, ки одам дар куҷо буданашро аз ёд мебарорад. Ҳисса кӯтоҳ, Тошмуҳаммад аввал аз «Ҳафтдаҳ ғазот» сар карда, сонӣ ҷангномаҳои «Қаҳрамони қотил», «Абумуслимнома», «Паҳлавонаҳмади замчӣ» ва аз ҳама охир «Қиссаи суланбиё» гуфтагӣ як китобро хонд. Дар ҳамон китоб, гӯед, усто, ё Гоч ё Оҷ бинни Ануқ гуфтагӣ як лаванд ҳаст. Калоп, дароз. Аммо ғайр аз ҳезумчинию ҳезумкашӣ аз ӯҳдаи ягон кори дигар намебарояд. Ҳар рӯз ҳезуми мардуми як шаҳрро аз кӯҳу саҳро чида мебиёраду одамҳо ба як ҳавзи калон ҳар кадом ҳар хел авқот

пешина
аз 447
навбатӣ