Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
падар роҳи ошхонаи Мири ошпазро пеш мегирифт, ки аз рӯи ваъда ба ман кабоб гирифта диҳад.
Қабоби Мири ошпаз холис аз гӯшти дар равған бистуён кардашуда набуд. Ошпаз ба ҳар табақ як нони шибоғиро пора карда монда ба болояш бурдаҳои гӯшти серравган ва дар шӯрбо ҳилим-ҳилим пухта мегузошт ва сабзии қалам кардашударо чида, аз болояш оби аз заъфарон ё зардчӯба заб-зарди шӯрборо мерехт, ки вай таъму лаззати махсусе дошт. Сирри тайёр намудану пухтани ин гуна шӯрбо ва кабобро шояд танҳо Мири ошпаз — марди қадбаланд, нуронӣ ва хушмуомила медонист, чунин кабобро дар ошхонаҳои дигар пазанд ҳам, миҷозҳояшон кам буданд.
Ҳоло ба ёди ман ошхона, дар сари дег Мири ошпаз ва табақи ҳавраш баромадаистодаи бӯяш гуворо расида, нафасе дар болои ҳар нишастанамро фаромӯш намудаам, ки овози баланди аспакӣ маро боз ба хуш овард:
Ба пои шумоҳо нигоҳ кунам, имрӯз ба хона намерасам, — лаҷоми аспро алвонч додаравон ба падарам гап партофт ӯ. — Аз афтатон, шумо ҳам ба сайри лола рафта истодаед? Ҳамин сайри аҳмақонаро кадом аблаҳ бароварда расм карда бошад? Пулат бошад, палави оринҷсору шӯрбои даруни гӯшту равған, талҳу тунду мурчу зардчӯбадор сохта хӯрда, дар офтобрӯ кайф карда намехоҳӣ! Аспу ҳар овораю одам овора, ба шипангҳои лаби сой ғун шуда, тараллабедод карда мерафтаанду номаш сайри лола будааст... — маҳмезе ба сагрии аспи аз вазнинии бор шикамаш пастфуромада заду лекин лаҷоми онро кашид. — Хайр, аҳмақ набошад, олам хароб мешавад, мегӯянд.
Ин дам падарам, ки аз шаҳр баромаданамон ин ҷониб ҳарро ягон бор назада ва ё хала накарда буд, бо халачӯб ба сагрии вай зад.
— Одамизод, даҳбошӣ, — гуфт падарам, — ба дунё барои гов барин хӯрдану ҳар барин ...дан намебиёяд.
Вале аспакӣ сухани падарамро ё шуниду эътиборе надод ё нашунид, ки масхараву ғурурро кам накарда, асп тозонда аз мо гузашта ва пас аз фурсате хеле дур рафт.
Нағз гуфтед, ако! — завқ намуд деҳқон. — Вай худи гуфтагиатон барин одам. Ишкамаш ғазаби худо.
Мегӯянд, ки ба як шиштан як бор шонздаҳ коса мастова

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё